Муовини ректори Донишкада оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон зимни ширкат дар Конференсияи байналмилалии соли 2025 оид ба “ҳамкорӣ ва ҳамгироии саноат, маориф, таҳқиқот ва татбиқи металлургияи зеҳнӣ ва маводи пешрафта” дар шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои саноатикунонӣ, рақамикунонии иқтисодиёт сухан ронда, имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот муаррифӣ намуд.
Ҳамон гуна, ки қаблан иттилоъ дода будем, конференсияи мазкур давоми се рӯз баргузор гардида, дар он доир ба масъалаи истеҳсоли металлҳои ранга бо истифода аз технологияи рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ва истеҳсоли зиёд миёни олимони аз зиёда аз 54 кишвари ҷаҳон дар он ҷо ширкат намуда буданд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ бо Донишкадаи мо зиёда аз 20 намояндаи давлатҳои дигари ширкаткунанда низ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахшҳои илму инноватсия, саноатикунонии, иқтисодиёти рақамӣ суҳбат намуда, бо чанд донишгоҳу донишкадаи ин кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин конфронси байналмилалӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт ширкат ва маъруза намуданд.
Шуъбаи иттилоот

