Тадбирандешӣ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот

Имрӯз, баҳри тадбирандешӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот олими ҷавон, шахси ватандӯст ва омӯзгори асил, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат ва  муовини декани факултети металлургия Бақоев Беҳзод ширкат намуданд. 

Давлатзода Давлат дар ҷаласа оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил намудани баҳогузории ҳар як омӯзгор барои ҳар як фанни таълимӣ,  назорати холгузории омӯзгорон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ассистетони ҷавон, назорати доимии раванди таълим, таъсиси комиссияҳои доимамалкунанда барои кор бо донишҷӯён, гузаронидани ҳамапурсӣ байни донишҷӯён, санҷиши афкори умум, омӯзиши вазъи санҷишҳои фосилавӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷоннок намудани кори комиссияҳои дохилидонишкадавӣ суҳбат намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳо, тадбирандешӣ баҳри ислоҳи вазъ дастур дод. Мавсуф, изҳор дошт, ки ҳар як омӯзгор бояд содиқона ба фарзанди мардум дарс бигӯяд ва ҳар як нафари ин ҷо нишаста масъул ҳастем ба ояндаи донишҷӯён ва бояд ба касби хеш саҳлангорӣ накунем. Ҳар лаҳза вақти талафёфтаи донишҷӯ ин лаҳзаи ақибмонӣ ва бетарафӣ бар ояндасозӣ мебошад. Мо, бояд донишҷӯёнро дар руҳияи илмдӯстӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоем. Мо, бояд донишҷӯёнро чунон ба илмомӯзӣ, донишандӯзӣ ҷалб намоем, ки донишҷӯ пас аз хатм  беҳтарин намуна  бошад ва ҳамеша ба некӣ моро ёд кунад. Бо донишҷӯён бояд ҳамчун фарзанди худ муносибат намоем ва донишандӯзиро талаб кунем…

Дар интиҳо деканҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баррасишуда, нақшаву барномаи кории хешро манзур намуданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов