Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши иҷлосияи 16-уми Шурои олии ҶумҳурииТоҷикистон дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон” бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои илм ва инноватсия Холова Фахриниссо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳ ва мақоми Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Сарвари хирадманди кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат сухан ронда, изҳор дошт, ки маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид, то дар интихоби масири дуруст ва роҳи саодат миллати тоҷик бар хиради азалӣ такя намояд ва баргузории ин ҷаласа имкон дод, то Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳо наҷот дода шавад.
Дар семинари мазкур ҳамчунин, муаррихи варзида, омӯзгори фаъоли кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии факултети электромеханика дотсент Абдуллоев Икром дар мавзуи “Нақши иҷлосияи 16-уми Шурои олии ҶумҳурииТоҷикистон дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон” маъруза намуд.
Сипас, суолу ҷавобҳо ва изҳори андеша миёни ҳозирин сурат гирифт, ки семинари илмӣ-назариявиро боз ҳам ҷолиб намуд.
Дар фарҷом муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои илм ва инноватсия омӯзгори фаъол Холова Фахриниссо миннатдории декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддинро ба мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ профессор Аминҷонова Мавлудахон ва омӯзгорон расонид.
Ёдовар мешавем, ки семинари илмӣ-назариявии мазкур тибқи дастури садорати факултети электромеханика ва ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот

