Имрӯз, дарси амалии донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 270101-09- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ва бахши дуюми ихтисоси 25010805-баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат зери роҳбарии омӯзгори фаъоли кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия Раҳматов Абдумавлон дар корхонаи ҶМТКММ “Апрелевка” баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории дарси амалӣ донишҷӯён бо техникаи бехатарӣ, ҷараёни истеҳсолот ва раванди кор дар корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда, таҷрибаи назариявии хешро бо мусоидати омӯзгор дар амал татбиқ намуданд.
Қайд намудан лозим аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 78 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад ва дар назди 38 корхонаи саноатӣ филиали кафедраҳои тахассусӣ ифтитоҳ карда шудааст.
Айни замон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низоми дуалии таълим амал менамояд, ки тибқи ин низом аксарияти дарсҳои амалии донишҷӯён дар назди корхонаҳои саноатӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аввалин муассисаи олии таълимие дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми дуалии таълимро дар амал татбиқ намудааст.
Шуъбаи иттилоот


