Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бинобар даргузашти падари омӯзгори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ Бадалов Ҷамолиддин сахт андӯҳгин буда, ба устоди гиромӣ, аҳли пайвандон, наздикону дӯстони марҳум ҳамдардӣ ва тасаллияти самимонаи хешро изҳор медоранд.
Ба устод Бадалов Ҷамолиддин ва наздиконашон сабри ҷамил таманно менамоем.
