СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДКМТ: АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи нақша -чорабиниҳои донишкадавӣ бахшида таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори семинар сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, муовини декани факултети электромеханика Анвар Саидов ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро нахуст сардори раёсати таълим олими ҷавон, дотсент Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти ҳуқуқии Конститутсия дар ҳаёти шаҳрвандон, мақому манзалати он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон сухан ронда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас ва хеле муҳим буда, сарчашмаи тамоми қонунҳои кишвар мебошад ва арҷгузорӣ аз ин санади олӣ ин иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва эҳтиром бар қонунгузорӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар семинари имрӯза муовини декани факултети электромеханика, таърихшинос Анвар Саидов дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём дар мавзуи
“Конститутсия ва рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуда, роҷеъ ба аҳамияти таърихӣ ва ҷанбаҳои башардӯстӣ, рушди қонунгузорӣ ва фарҳанги қонунсолорӣ гуфта гузаштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба маърузакунандагон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ибтикори факултети корҳои кӯҳӣ роҳандозӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов