КОНСТИТУТСИЯ—САРЧАШМАИ ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАШАРДӮСТӢ

Қабл аз оне, ки дар бораи Конститутсия сухан ронем, бояд маънои онро ба шунавандагон шарҳ бидиҳем. Конститутсия аз калимаи лотинии “constitutio” — муқаррар намудан, бунёд кардан) санади ҳуқуқии олист, ки сохтори давлат, низоми идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон муносибатҳои байни давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Он қонуни асосиест, ки дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриро роҳнамоӣ менамояд ва дар асоси ин қонунҳои дигар эҷод ва таҳия карда мешаванд.
Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолии кишвар соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумиалқӣ қабул карда шуд.
Дар оғози ин санади асосӣ ва муқаддас чунин омадааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Тавре дар боло зикр намудем, танзим ва таҳқими ҳама гуна муқаррароти зарурӣ барои ҷамъиятро Конститутсия муқаррар менамояд ва дар замони муосир муайянкунандаи ҳолати қонунии мардум мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санади барои миллати тоҷик хеле муҳим Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад, ки дар моддаи якуми Конститутсия маҳз ҳамин чиз таъкид карда шудааст: Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошаду давлат парастории камбизоатон, ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву дастнигарро бар уҳда мегирад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, мустақиман амал менамояд ва ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба нақши инсон, ҷойгоҳу мақоми инсон дар ин санади олӣ чунин таъкид кардаанд: “Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт”.
Дар ҳақиқат қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик асос гузошт, то барои сохтани ояндаи босаодат гомҳои устувор бардорад.
Агар ба таърихи адолат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон назар афканем, маълум мегардад, ки аввалин Конститутсия ва ё худ Қонуни асосиро дар таърихи башарият Куруши Кабир таълиф ва амалӣ намудааст, ки он бо номи Маншури Куруши Кабир ё Эъломияи Куруши Кабир маъруф аст. Дар он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии виҷдон ва тарзи зисту зиндагонӣ ва муносибатҳо бо ақвоми мухталиф сухан рафта, инсонро ҳамчун арзиши олӣ муаррифӣ мекунад. Ин аввалин санадест, ки бо руҳияи башардӯстӣ таҳия гардидааст.
Аз ин лиҳоз, бидуни муболиға метавон гуфт, ки қонунсолорӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун зиндагӣ намудан аз фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҳама соҳаҳо барои арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва ҳамзамон дастёбӣ бар муваффақият доимо талош намудаву барои сохатни фарҳанги волои инсонӣ саҳми арзишманде гузоштааст. Эъломияи Куруши Кабир ҳам намунае аз ҳамон фарҳанги волост, ки ба инсон ва озодиҳои ӯ эҳтиром қоил мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид гардем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф пайдо созем. Ин санади олӣ барои мо имконият дод, дар роҳи давлатсозӣ ва расидан бар ваҳдати комил муваффақ шавем.
Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияи олам қарор дорад, ки ин ҳам боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Дар таълиф ва таҳияи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад ва маҳз Роҳбари муаззами давлат барои ба инобат гирифтани марому мақсад ва нақшаҳои минбаъдаи миллати сарбаланди тоҷик дар он кӯшиш ба харҷ додаанд.
Перомуни Конститутсия, ки миёни ҷомеа ҳамчун Сарқонун ва ё қонуни асосӣ низ маъруфият дорад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори андеша намуда буданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Ёдовар шудан зарур аст, ки тибқи моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чунин меъёр бори дигар исбот менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқ ташкил медиҳад. Ба таври дигар бигӯем, Конститутсия аз они халқ буда, ба халқ хизмат менамояд.
Ҳамагон хуб шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нестанд ва ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Сарвари хирадманди давлат ба соҳаи муҳим ва калидӣ барои ҷомеа- илму маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешаваду аҳли маориф ва илм дар симои ин абармарди хирад ҳомии хешро дарёфтааст. Қабули қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” нишони гуфтаҳои болост…
Қайд кардан зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти худ барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, минбаъд низ симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ мекунад.
Дар интиҳо ҳамаи ҳамватанонро ба ин рӯзи нек ва бо саодат, Рӯзи Конститутсия-Рӯзи муқаддас табрику таҳният гуфта, барои ҳамватанони арҷманд пирӯзиву муваффақият ва сиҳатмандиву қонунсолорӣ таманно менамоям.
Собирова Шукринисохон
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон