Халқи тоҷик дар охири асри ХХ ба садамаҳои сахти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ дучор шуд. Халқе, ки соҳиби тамаддуни ҷашоншумул буда, дар ташаккулу таҳкими пояҳои илму фарҳанг саҳм гузоштааст, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печид. Бар асари анархияе, ки баъди зуҳури ҷараёни бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ ба ҳукумати сиёсӣ тасаллут пайдо кард, мавҷи нооромӣ, маҳалгароӣ, фитнаву низоъ тамоми мамлакатро фаро гирифт. Аз ин вазъияти ҳассос баъзе абарқудратҳо истифода бурда, кўшиш намуданд, дар заминаи вазъи сиёсии Тоҷикистон тамоми Осиёи Марказиро ноором созанд. Агар аз як тараф мардуми одӣ аз бетаҷрибагӣ ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе омада, дар майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» сангар гирад, бархе аз сиёсатмадорон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва зиёиён низ ба ин ё он гурўҳи сиёсӣ гароиш намуданд. Дар як давлати нисбатан хурд даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсӣ таъсис ёфтанд. Ниҳоят, дар пойтахти мамлакат, ноҳияҳои тобеи марказ, водии Рашт ва вилояти Хатлон оташи ҷанги шаҳрвандӣ забона зада, боиси давлатҳои ҳамсояи пасошўравӣ ва Афғонистон фирорӣ шудани беш аз як миллион одам гардид. Ба иқтисодиёти мамлакат зарари бесобиқаи молиявӣ расида, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳама ҷоро фаро гирифт, ҳазорҳо манзил ба коми оташ фурў рафт, алоқа байни вилоятҳову водиҳо канда шуд ва халқро фазои ноумедӣ фаро гирифт.
Дар чунин вазъи сангини буњронї ба сари қудрати фарзанди фарзонаи модари сарбаланди тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии мамлакат, ки дар Қасри маданияти «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд, вакилони халқ интихоби ояндабинона намуданд. Сарвари тозаинтихобшудаи мамлакат шабу рўз ҷоннисориҳо карда, ба тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ сафар намуда, мардумро ба сулҳу оштӣ ва ҳамдиливу ҳамфикрӣ фаро хонданд. Дар давоми қариб ду соли дар вазифаи Раиси Шурои Олӣ фаъолият бурдани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат азм карданд, ки бояд дар атрофи Роҳбари хайрхоҳу созанда ва ободкори худ муттаҳид шуда, дар сохтмони давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Ҳамин тавр, новобаста ба идомаи ҷанги шаҳрвандӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар кишварамон раъйпурсии умумихалќї барои интихоби Президенти ҷумҳурӣ ва қабули Конститутсия баргузор гардид. Халқ ҳам Сарвари давлат ва Қонуни Асосии худро қабул намуда, ба ањли олам чунин мужда расонид: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарњуќуќї ва дўстии тамоми миллату халќиятњоро эътироф карда, бунёди љомеаи адолатпарварро вазифаи худ ќарор дода, њамин Конститутсияро ќабул ва эълон менамоем».
Дар моддаи 1-уми Конститутсия ба таври мушаххас мақоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли олам муқаррар карда шуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Бо ҳамин ташаббус роҳи рушди мамлакат тадриҷан ҳамвор гардида, заминањои ҳуқуқии ором кардани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва пешбурди диломатия бо тамоми давлатҳои ҷаҳон фароҳам омад.
Ҳамчунин, ба даҳони душманони дохиливу хориҷие, ки дар фикри ноором кардани кишварамон буданду идеологияи бегонаро ба сари халқ таҳмил намудан мехостанд, тавассути моддаи 8-ум абадан муҳри хомўшӣ зада шуд: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд».
Натиҷаи талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқату заҳматписандии халқи тоҷик буд, ки мо ба сулҳу ваҳдат расидем. Ин дастовардро Сарвари давлати дар Паёми нахустини худ ба Парламенти касбии мамлакат санаи 27-уми апрели соли 2000 чунин иброз доштанд: «Тавассути интихоботи доиршуда, аз як тараф, он тағйироту иловаҳое, ки бо роҳи раъйпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд, дар амал татбиқ, гардиданд. Аз тарафи дигар, бо анҷом ёфтани интихобот ва оғоз гардидани фаъолияти Парламент он талаботе, ки дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гузошта шуда буданд, пурра ба иҷро расиданд.
Халқи шарифи Тоҷикистон тавассути ширкати фаъолона ва муносибати оқилонаи худ ба интихобот собит намуд, ки љонибдор ва пуштибони сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат мебошад».
Таърих собит намуд, ки бо қабули Конститутсия асосҳои волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ қомат афрохт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид.
Мамадқулова Раъно
Директори китобхонаи илмӣ – электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
