Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди муътадили давлат, маҳаки ифодакунандаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадори низоми ҳуқуқии давлатро бо дарназардошти риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳониро муайян мекунад.
Ҳанӯз 31 сол муқаддам, санаи 6 – уми ноябри соли 1994 мардуми тамаддунофару фарҳангсолор, заҳматқарину шарафманди тоҷик аввалин маротиба бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва комёб шудан ба саодату хушбахтӣ ба тарафдории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамакнун аз лаҳзаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихиву санади олии сарнавиштсоз 31 сол сипарӣ гашта истодааст.
Таърихи пайдоиш ва рушди давлатҳои мутамаддин ва таҷрибаи конститутсионализми дунё нишон медиҳад, ки қабули Конститутсия бо дарназардошти рушди бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба вуқуъ пайвастани таҳаввулоти азим ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа иттифоқ афтода, дастоварду музаффариятҳои давраи муайяни таърихии рушди ҷомеа ва давлатро дар худ инъикос намуда, дурнамои пешрафти онро муайян менамояд.
Конститутсия барои ҳар як давлат, миллат ва халқ ҳуҷҷати муҳим, асосӣ, тақдирсоз ва дар умум қонуне ба ҳисоб меравад, ки дар он тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва рушду инкишофи ояндаи давлату миллат муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 давлату ҳукумат зарур шуморид, ки дар мадди аввал бояд Конститутсияи навро қабул намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Бо ин мазмун, Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва бавуҷуд-оварандаи ормонҳо ва принсипҳои миллӣ, кафили мувофиқатии меъёру мазмуни он, фарҳангу оин ва таъриху замони муосир буда, асоси татбиқи пайдарҳамии тамоми низоми принсипҳои ҳаёти иҷтимоию ҳуқуқии ҷомеа мебошад.
Таҳия ва рӯи кор омадани Конститутсияи давлати навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали солҳои навадуми қарни сипаришуда, акнун зимоми соҳибихтиёриро ба даст оварда, қадамҳои нахустини худро дар роҳи бунёди давлатдории навин мегузошт ва бидуни ҳарчи зудтар муайян кардани самтҳои рушди давлат дар сатҳи Конститутсия метавонист ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад, Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷлосияҳои XVI ва XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои зимни онҳо қабул шуда, заминаи воқеию ҳуқуқии устувор гузоштанд.
Маҳз бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз 26 июли соли 1993 ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.
Бо тасдиқи ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия суръати тоза бахшида шуд ва оқибат дар як муддати муайян Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои милливу давлатӣ дар фазои сиёсию ҳуқуқии мамлакат муаррифӣ гардид.
Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи навинро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат шуморида мешавад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем, эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар мадди аввал гузошта шудааст. Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашҳои зиёди таърихӣ халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдаш буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдор хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ҳамасола рӯзи қабули он қайд карда мешавад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “ 6 – уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад”.
Ин ҳуҷҷати бунёдӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ намуд ва дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат нақши муассир бозид.
Риоя, эҳтиром ва ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба саодат ва хушбахтӣ расидани миллати тоҷик гаштааст, бояд ба одати ҳаррӯзаи ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад.
Бо такя ба ин санади муқаддас, миллати тоҷик тавонист субот, пешрафт ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба марҳилаҳои нави инкишофи устувор ноил шавад. Бидуни шубҳа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ барои наслҳои оянда низ раҳнамои хуби давлатдорӣ хоҳад буд ва барои комилан рушд ин сарзамини куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Хотирнишон бояд кард, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо ба 31 – умин солгарди қабули муқаддастарин ва арзишмандтарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоиро орзумандам.
Муродбек БОЕВ
омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
