Ёдрас шудан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии кишвар буда, пояи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро муайян мекунад, ки яке аз самтҳои муҳимтарини он гузоштани заминаи ҳуқуқӣ барои ташаккули иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар давраи гузариш аз низоми фармондеҳиву маъмурӣ ба иқтисоди бозорӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозид ва меъёрҳои он ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ ва рақобати озодро таъмин намуд.
Дар моддаҳои асосии Конститутсия, аз ҷумла моддаи 12, гуногуншаклии моликият ва озодии фаъолияти иқтисодӣ муқаррар шудаанд, ки ин меъёрҳо асоси рушди иқтисоди бозорӣ мебошанд, зеро моликияти давлатӣ, хусусӣ, кооперативӣ ва дигар шаклҳо баробарҳуқуқ эътироф шудаанд.
Конститутсия моликияти хусусиро муқаддас ва дахлнопазир мешуморад ва давлатро вазифадор менамояд, ки онро аз маҳдудкунии ғайриқонунӣ муҳофизат намояд.
Ҳамзамон, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба соҳибкорӣ машғул шавад ва фаъолияти иқтисодии худро бе монеа амалӣ намояд.
Конститутсия, инчунин кафолати суботи иҷтимоиву иқтисодиро таъмин мекунад, ки бар асоси ин давлат уҳдадор аст, ки сиёсати иқтисодиро ба манфиати тамоми қишрҳои ҷомеа равона намуда, шароити мусоиди кор, таъмини иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро фароҳам оварад. Бо такя ба ҳамин меъёрҳо, дар кишвар сиёсати устувори макроиқтисодӣ амалӣ мегардад, ки ба таҳкими пояҳои молиявӣ, болоравии истеҳсолот ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунад.
Меъёрҳои конститутсионӣ инчунин барои таҳияи қонунҳои соҳаҳои иқтисодӣ замина гузоштаанд, аз қабили қонунҳои “Дар бораи ҳимояи рақобат”, “Дар бораи соҳибкорӣ” ва “Дар бораи сармоягузорӣ” таҳия шудааст, ки ин санадҳо дар асоси принсипҳои Конститутсия қабул гардида, фаъолияти бозориро танзим ва рақобати солимро таъмин менамоянд.
Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сохтори иқтисодии худро ба низоми бозорӣ табдил диҳад. Дар солҳои охир давлат сиёсати иқтисодии худро ба самти саноатикунонӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона кардааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар заминаи устувори ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки пояи устувори рушди иқтисоди бозорӣ дар кишвар мебошад.
Меъёрҳои он кафолати озодии иқтисодӣ, баробарии шаклҳои моликият ва имконияти рушди соҳибкориро таъмин намуда, ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мусоидат мекунанд. Бо шарофати татбиқи принсипҳои конститутсионӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист суботи иқтисодиро нигоҳ дорад, фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам оварад ва заминаи устувори рушди минбаъдаи иқтисодиро ба вуҷуд биёрад. Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон формулаи махсуси иқтисодӣ дар кишвар амалӣ гардид, ки кишвар дар муддати кӯтоҳтарин рушд намуд.
Раҳматов Абдумавлон
дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
