КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ: КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ -назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия бахтномаи миллат” баргузор гардид.
Конфронсро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиф ва эҷоди Конститутсияи давлати навини тоҷикон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон сухан ронда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз беҳтарин Конститутсияҳо дар ҷаҳон дониста мешавад ва барои танзими ҳаёти ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Мавсуф изҳор намуд, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми конститутсионӣ дар кишвар ба таври ҷиддӣ ва манфиатбахш ҷорӣ карда шуд. Хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҳам бузург мебошад…
Ҳамчунин, дар конфронс муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода номаи табрикотии Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозодаро ба самъи ҳозирин расонида, роҷеъ ба Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти шаҳрвандон, таърихи ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ намуд.
Дар конфронси имрӯза, ҳамзамон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Конститутсия бахтномаи миллат” суханронӣ намуда, нақши онро дар танзим ва фаъолияти шахс муҳим арзёбӣ намуд.
Дар интиҳо баҳсу баррасӣ ва муҳокимаи андешаҳо сурат гирифт, ки маълумоти ҷолиб ба донишҷӯён манзур карда шуд.
Дар фарҷом муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба меҳмонон ва маърузакунандагон ҷиҳати махрузаҳои пурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси раёсати Донишкада баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов