Имрӯз муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукриниссо аз факултаҳои электромеханика ва металлургия боздид намуданд.
Давлатзода Давлат нахуст аз ҷараёни таълим дар факултети электромеханика боздид намуда, бо донишҷӯён ошкоро мулоқот намуда ба декани факултет профессор Қозизода Камолуддин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кори факултети электромеханика изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз ҷараёни таълим дар факултети металлургия боздид намуда, бо донишҷӯён мулоқот намуд. Аз ҳолу аҳвол ва шароити таълим пурсон шуда, ба донишҷӯён хубу аъло хонданро тавсия дод.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба донишҷӯён таъкид намуд, ки вазифаи ҳар яки Шумо ин хубу аъло хондан аст ва пайваста дониш ҷустан мебошад. Давраи донишҷӯӣ беҳтарин давра барои илмомӯзӣ ва забономӯзӣ мебошад. Шумо хонед, касбро азхуд кунед, забонҳои хориҷиро ёд гиред ва барои ватани азизамон Тоҷикистон хидмат намоед. Хубу аъло хондан ҳам ин хидмат аст, ватандӯстӣ аст. Масъулиятшинос бошед донишҷӯёни арҷманд, зеро ҳар як лаҳзаи Шумо ин ҷо бояд баҳри омӯзиш ва донишпажуҳӣ бигузарад.
Ҳамчунин, дар мулоқот ба донишҷӯён роҷеъ ба интихоби роҳи дуруст, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша, даст назадан ба амалҳои хурофотпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ машварат дода шуд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба декани факултети металлургия яке аз бонувони фаъол, яке аз занони ғамхору масъулиятшиноси донишкада, яке аз занони поктинату поквиҷдон, олими соҳаи иқтисод, дотсент Собирова Шукриниссо барои фаъолияти пурсамар ва корбариву тадбирандешиҳои саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки силсилавохӯриву мулоқоти муовинони ректор ба хотири баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи дуруст ва ахлоқи накӯ, бедор намудани шавқи донишҷӯён ба донишандӯзӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Шуъбаи иттилоот

                                  
                                  
                                  
                                  
