БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ВА ҲАДЯИ ХУРМО БА КОРМАНДОН ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор карда шуд.
Дар шанбегӣ омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон фаъолона ширкат намуданд.
Дар интиҳои рӯзи корӣ аз ҷониби ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки шахси саховатманд ва меҳнатдӯст аст, ба ҳар як корманди бахши хоҷагидорӣ ба миқдори муайян хурмо тақдим карда шуд.