СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДКМТ: НАҚШИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР ОМОДА СОХТАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КӮҲКОРӢ

Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкада бо ширкати омӯзгорону кормандон ва пажуҳишгарони ҷавон бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши таҳқиқоти илмӣ дар омода сохтани мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ” баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф, аҳамияти пажуҳишҳои илмӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, рушди соҳаи геология суханронӣ намуд.
Сипас, дар семинар дотсенти кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Ёқубов С дар мавзуи “Омӯзиши фанни геометрияи тасвирӣ омили ташаккулдиҳандаи маҳорати касбии муҳандисони ҷавон”, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳҳоб дар мавзуи “Баҳодиҳии хатарҳои геологӣ – технологӣ дар коркарди конҳои зеризаминӣ “, ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Насриддинов Шаҳбоз дар мавзуи “Нақши таҳқиқоти илмӣ дар омода сохтани мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ” маъруза намуданд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза роҷеъ ба масъалаҳои мубрам баҳсу мунозираҳо сурат гирифт, ки кори семинарро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми семинар декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой суханронӣ намуда, ба баромадкунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки тибқи дастури раёсати Донишкада минбаъд низ чунин семинарҳо барои рушди соҳа гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ибтикори факултети корҳои кӯҳӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов