ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН АМИНЗОДА ХИСРАВ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” СОҲИБИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД

Имрӯз, ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” эълон карда шуданд, ки дар ин бора аз раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон ба шуъбаи иттилоот маълумот дод.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ” донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Аминзода Хисрав Парвиз шогирди олими ҷавон мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин озмун 4 нафар аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои гуногун ширкат намуданд.