ХУШХАБАР! НАВИДИ ИЛМӢ!

Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввал Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои таълим Мирзозода Воҳидҷон ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими ҷавон, ҷавони серталош Мирбобоев Шӯҳратҷон Шаҳодатномаи маҷаллаи илмии “Геология ва корҳои нафту газ”- ро, ки ба тозагӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тақдим намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Мирбобоев Шӯҳратҷон барои кӯшишу талош ва ифтитоҳи маҷаллаи илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба Мирбобоев Шӯҳратҷон ин рӯйдоди илмиро табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки бақайдгирии ин маҷаллаи илмӣ фоли нек ва оғози рушди ҳавзаи илмии донишкада мебошад.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи илмии “Геология ва корҳои нафту газ” барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” роҳандозӣ карда шудааст ва аллакай дар ҳавзаҳои илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии арабии Миср хуш пазируфта шудааст.
Маҷаллаи мазкур метавонад минбари баҳсу баррасии масъалаҳо, бозкушои муаммоҳои соҳаи геология ва нафту газ дар ҷумҳурӣ бошад.
Олимону муҳаққиқони соҳа аз тамом ҷумҳурӣ акнун метавонанд, барои нашри маводи хеш ба ҳайати эҷодии маҷаллаи “Геология ва корҳои нафту газ” ҳамкорӣ намоянд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов