Имрӯз ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали ректори Донишкада Давлатзода Давлат ғолибони озмуни “Илм- фурӯғи маърифат”- Аминзода Хисрав-сазовори ҷойи дуюм, Нуруллозода Ҷумабой сазовори ҷойи ифтихориро бо тантана истиқбол намуданд.
Сипас, дар толори Шурои олимон муовини аввали ректори Донишкада Давлатзода Давлат тибқи дастури профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ғолибонро боз як маротибаи дигар табрику таҳният гуфта, барои онҳо ва устодонашон миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф эълон намуд, ки ба ғолибон ва устодонашон мукофоти пулӣ ҳамчун ҳавасмандгардонӣ тақдим карда мешавад.
Зимни баргузории ҷаласа ҳамзамон ба мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Ҳаёт Раҳимӣ барои омода намудани шогирдон, изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар озмуни ” Илм – фурӯғи маърифат” донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Дар фарҷом Давлатзода Давлат иброз дошт, ки мо меҳнати ҳар як довталабро ба инобат мегирем ва ба устодон изҳори миннатдорӣ баён менамоем, ки барои ташаккули донишҷӯён, барои омода намудани мутахассисон талош менамоянд. Омода намудани шогирд кори осон нест ва ҳатман аз ҷониби раёсати Донишкада меҳнати омӯзгорон қадр карда мешавад. Ҳар нафаре талош мекунад, кӯшиш мекунад аз ҷониби роҳбарияти Донишкада бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад. Ҳар як пирӯзӣ натиҷаи заҳмати шабонарӯзист ва инро роҳбарияти Донишкада ҳамеша қадр менамояд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов
