БАРГУЗОРИИ ШУРОИ МАРКАЗИИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз бо раисии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат Шурои марказии илмӣ -методии донишкада баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои марказии илмӣ-методӣ масъалаҳои вазъи раванди таълим дар зинаҳои дуюм ва сеюми мактаби олӣ, натиҷаи таҷрибаомӯзии таълимӣ -шиносоии бахшҳои дуюм ва таҷрибаомӯзии таълимӣ -истеҳсолии донишҷӯёни бахшҳои сеюм, таҳлили дарсҳои кушоди омӯзгорон ва таҳлили дарсҳои кушоди омӯзгорон ва иштирок ба машғулиятҳои таълимии ҳамдигар дар кафедраҳои донишкада ва ҳамзамон масъалаи фароҳам овардани шароити муосири таълим, харидорӣ намудани таҷҳизоти наву замонавӣ, ба роҳ мондани дарсҳои намунавӣ бо иштироки олимони донишгоҳҳои ҳамкор ё худ шарикони байналмилалӣ ва ғайра баррасӣ карда шуд.
Аз рӯи се масъала сардори шуъбаи магистратура ва аспирантура Розиқов Абдусамад, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед маъруза намуданд.
Дар баррасӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат роҷеъ ба масъалаҳои мубрам сухан ронда, изҳор дошт, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён бояд дар корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор гардад ва мо набояд, ки нисбати ин масъала бетафовут бошем ва бояд назари ҳар як донишҷӯ омӯхта шавад, пешниҳоди донишҷӯён ба инобат гирифта шавад. Мо дар асри 21 зиндагӣ менамоем ва донишҷӯ бояд бо донишҳои омӯхтааш ҷиҳати дар амал татбиқ намудан дар корхонаҳои истеҳсолӣ талош кунад ва худро нишон бидиҳад. Донишҷӯёнро зарур аст, ки бештар донишҳояшонроонишҳояшонро дар амал татбиқ намоянд ва барои ин дар Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, Давлатзода Давлат роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам намудани шароит, ба инобат гирифтани дархосту пешниҳоди донишҷӯён, ташкили курсҳои махсус бо ҷалби олимони хориҷӣ, ташкили маҳфилҳои муштараки омӯзишӣ, баҳодиҳии холисонаи маҳорати омӯзгорон, риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, вазъи иҷроиши барномаҳои давлатӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҷудо намудани маблағҳо барои ҳавасмандсозии ихтироъкорон ва омӯзгорони бомаҳорат сухан ронда, изҳор дошт, ки мо бояд бо садоқат ва меҳр бар давлату миллат корро пеш барем ва барои рушди соҳа ҷонфидоӣ намоем. Ҳама чиз аз худи инсон вобаста аст ва ҳар қадар бо дилсӯзӣ кор кунем, ҳамон қадар муассиса рушд менамояд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шурои илмӣ – методӣ баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, омӯзгорон аз қабили профессор Қозизода Камолуддин, профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ва дигарон суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки барои пешрафти кори Донишкада бояд ҳамаи масъалаҳо ҳамин хел озоду ошкоро баррасӣ карда шавад.
Аъзои Шурои илмӣ-методӣ ба Давлатзода Давлат ҷиҳати машварату роҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон талош менамоянд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов