Дар шароити нави рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи самараноки инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, пеш аз ҳама гузариш бо ин гунна иқтисодиётро дуруст ба роҳ монем, фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамиро аз худ намоем, ҳамзамон ҷиҳати расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электрониро дар фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ мондан ба манфияти кор мебошад. Айни замон дар қисмати зиёди давлатҳои пешрафта низоми дурусти истифодаи пардохтҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои рушди он баланд бардоштании фарҳанги молиявии шаҳрвандон мебошад[1].
Имрӯз барои ташаккули низоми мукаммали ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси технологияҳои иттилоотии муосир боэътимод ва бехатар марҳила ба марҳила гузаштан ба шаклҳои электронии мубодилаи маълумотҳо, рушди соҳаи хизматрасониҳои иттилоотӣ ҳалли масъалаҳои ҳамкориҳои низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъсиси марказҳо, оид ба пешкаш намудани хизматрасониҳои давлатӣ аз рӯи усули “равзанаи ягона” дар тамоми минтақаҳои кишвар бо роҳи баланд бардоштани ихтисоси кормандон, истифодаи имзои рақамии электронӣ, васеъ намудани хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ барои аҳолӣ хеле муҳим мебошад[1].
Дар ҷомеаи муосир, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бо суръати баланд рушд карда истодааст, дар рушди он нақши техникаву технология, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ва рушди соҳаи логистикаи нақлиёт бештар ба назар мерасад. Таҷрибаи давлатҳои рӯ ба инкишофёфта нишон медиҳад, ки дар рушди соҳаи иқтисод низоми логистикаи нақлиётӣ нақши муассир мебозад. Рушди лагистикаи нақлиётӣ бошад, аз самаранокӣ ва тараққиёти технологияҳои иттилоотӣ вобастагии калон дорад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, системаҳои идоракунии иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки равандҳои нақлиёт, интиқол ва тақсими борҳо бо сифати баландтар, суръати зиёд ва арзиши камтар амалӣ гарданд. Ҳамзамон, дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва баланд гардидани рақобат дар бозори нақлиётӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи логистика аҳамияти хоса пайдо намудааст. Рақамикунонӣ на танҳо самаранокии фаъолияти нақлиётиро меафзояд, балки сатҳи хизматрасонӣ, шаффофият ва устувории равандҳои логистикиро низ таъмин менамояд.
Логистика яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбанда мебошад, ки дар он технологияҳои иттилоотӣ нақши калидӣ доранд. Агар қаблан расонидани борҳо ва идоракунии анборҳо асосан ба ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва зангҳои телефонӣ такя мекарданд, пас аз тараққиёти техникаву технологияҳои нав, имрӯз бе компютерҳо кори ширкатҳои логистикӣ ғайриимкон аст. Технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки борҳо дар вақти муайян пайгирӣ карда шаванд, роҳҳои боррасонӣ самаранок гарданд ва ҳар як марҳилаи раванди боррасонӣ зери назорат бошад.
Логистикаи рақамӣ равиши инноватсионӣ ба ҳисоб меравад, ки ба идоракунӣ ва самаранокии равандҳои логистикӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ асос меёбад. Он маҷмӯи васеи фаъолиятҳоро дар бар мегирад — аз идоракунии захираҳои анборӣ то раванди нақлиёт ва тақсимоти молҳо.
Рақамикунонии логистикӣ бо системаҳои иттилоотӣ (СИ) ва технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ ва усулҳои истеҳсол, интиқол, коркард ва истифодаи иттилоот дар системаҳои таъмини ҳаракати молҳо фаҳмида мешавад. Самти асосии рушд дар соҳаи СИ ва ТИ дар логистика — ҳамҷоягии ҷараёнҳои иттилоотӣ мебошад, ки бар асоси усулҳои муосири коркард ва интиқоли маълумот амалӣ мегардад ва бо истилоҳи нисбатан нав — телематика муайян карда мешавад.
Равандҳои иттилоотӣ (РИ), ки бо ташкил ва идоракунии истеҳсол ва тақсимоти молҳо вобастаанд, ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
- равандҳои тақсимоти молҳо дар сатҳи як корхона (микродараҷа);
- равандҳои тақсимоти молҳо дар сатҳи минтақавӣ, байни ташкилотҳо ё байни давлатҳо (макродараҷа) [2].
Дар дараҷаи баланди интиқоли молҳо аз як нуқта ба нуқтаи дигар ва идоракунии раванди интиқолдиҳӣ технологияи компютерӣ саҳми назаррас дорад. То имрӯз якчанд барномаҳои компютерӣ пешниҳод гардидаанд, ки барои идора намудани раванди логистикаи нақлиётӣ хизмат мерасонанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ба системаҳои иттилоотии логистикӣ тақрибан 10–20% тамоми хароҷоти логистикӣ рост меояд. Яке аз хусусиятҳои муҳим он аст, ки нархи таҷҳизоти техникӣ дар ҷаҳон бо суръат поён меравад, ҳамзамон эътимоди байни самаранокии компютер ва нархи он ба таври назаррас афзоиш меёбад. Нисбати арзиши барномаҳои соҳавӣ ба таҷҳизоти техникӣ мунтазам афзоиш меёбад, ки ин ба афзоиши ҳаҷм ва мураккабии системаҳои иттилоотӣ ва ҳамзамон арзоншавии таҷҳизоти техникӣ вобаста аст[3].
Барномаҳои компютерии машҳури иттилоотӣ, ки дар логистика истифода мешаванд:
- Барномаи комплекси иттилоотии “Галактика” барои автоматизатсияи тамоми сохтори фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои миёна ва бузург пешбинӣ шудааст.
Расми 1. Муҳити кории барномаи Галактика ERP
Дар модулҳои он, ки бо номи «Контури логистика» маъмуланд, имкониятҳои зерин ҷой доранд:
- Идоракунии таъминот – раванди таъминоти маҳсулотро идора мекунад;
- Идоракунии шартномаҳо – сохтори шартномаҳои электрониро муайян менамояд;
- Ҳисоби анбор – маҳсулоти анборҳоро ба ҳисоб гирифта, тақсимоти онро муайян мекунад;
- Идоракунии фурӯш – аз рӯи нарх ва миқдор маҳсулотро ба фурӯш пешкаш намуда, хароҷотҳои дастраскунӣ ва музлатро идора мекунад;
- Таъминкунандагон ва фармоишгарон – аз рӯи хатсайрҳо таъминкунандагон ва фармоишдиҳандагонро назорат мекунад.
- Барномаи компютерии “1С: ПРЕДПРИЯТИЕ 8.0. 1С ЛОГИСТИКА: УПРАВЛЕНИЕ СКЛАДОМ” — ин махсусан дар платформаи “1С: Предприятие 8.0” ҷой дода шудааст, ки барои бо тарзи автоматикӣ идоракунии ҳолати анбори корхона ё ташкилотро аз рӯи қолаби муайян корбарӣ менамояд. Ин барнома имконият медиҳад, ки тамоми равандҳои технологии сохтори анбор ба таври самаранок автоматӣ идора карда шаванд. Ҳолат, миқдор ва ғунҷоиши маҳсулот дар анборро ба инобат гирифта, ҳисоботи дақиқ пешниҳод менамояд.
Расми 2. Имкониятҳои барномаи 1С ПРЕДПРИЯТИЕ 8.0. доир ба логистика
- Барномаи компютерии TransTrade барномаест, ки махсус барои автоматикунонии фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ таҳия шудааст. Бо ин барнома назорат, ҳисобтдиҳӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили пурраи фаъолияти ширкати нақлиётӣ, агентии экспедиторӣ, анбори боркашонӣ ё маркази диспетчерӣ, инчунин ташкили амалиёти ширкатро ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хизматрасонии нақлиётӣ таъмин менамояд[5]. Барномаи мазкур на танҳо банақшагирӣ ва баҳисобгирии як ширкатро автоматӣ мекунад, балки мубодилаи иттилооти боррасонӣ ва боркашониро байни шарикони бортаъминкунанда ва борфармоишдиҳанда, ҳам тариқи онлайн ва ҳам тавассути пайвасти мустақими шабакаи интернетӣ идора мекунад.
Расми 3. Муҳити кории барномаи TransTrade
Барномаи мазкур дорои имкониятҳои зерин мебошад:
- фармоишҳои интиқоли бор сабт карда шаванд;
- пойгоҳи додаҳои мубодилаи шартномавӣ ва воситаҳои нақлиётӣ нигоҳ дошта шаванд;
- ҳуҷҷатҳои зарурии соҳаи нақлиётӣ ва муҳосибавӣ ташаккул дода шаванд;
- ҳисоботҳои муфассал ва таҳлилӣ дар асоси меъёрҳои муайян тартиб дода шаванд.
Ин барномаҳои компютерӣ имкон медиҳанд, ки вазифаҳои ҳамарӯзаи ширкатҳои логистикӣ, ки фаъолияти онҳо бо интиқол вобаста аст, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ, ки парки нақлиётии шахсӣ доранд, ба таври самаранок корбарӣ карда шаванд.
Автоматикунонии соҳаи корхонаҳои нақлиётӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва ERP системаҳо имкон медиҳад, ки раванди пешниҳод ва идоракунии хизматрасониҳои нақлиётӣ ба низом дароварда шуда, хароҷотҳо самараноку мукаммал гарданд ва хатогиҳое, ки аз сабаби омили инсонӣ ба вуҷуд меоянд, бартараф карда шаванд[4].
Ғайр аз ин барномаҳои нишондодашуда боз якчанд барномаҳои компютерӣ мавҷуданд, ки самаранокии фаъолияти соҳаи логистикаи нақлиётиро идора мекунанд. Махсусан мубрамияти ТИ дар замони муосир аз он зоҳир мегардад, ки фаъолияти бо суръати шабакаи интернет дар ҳама нуқтаҳо ва қишрҳои ҷомеа дастрасу фаъол мебошад. Маҳс ТИ имкон медиҳанд, ки тамоми ҷузъҳои логистика аз банақшагирӣ то назорат ва таҳлил ба таври автоматикӣ ва ҳамоҳанг фаъолият кунанд. Татбиқи якчанд ҷузъҳои ТИ, ки ба шабакаи интернет вобастагӣ дошта, раванди логистикиро идора мекунанд ин:
- системаҳои GPS ва GIS – барои пайгирии ҳаракати нақлиёт ва муайян кардани масирҳои оптималӣ;
- платформаҳои рақамии идоракунии боркашонӣ (TMS) – барои банақшагирии интиқол, ҳисобкунии хароҷот ва назорати иҷрои фармоиш;
- системаҳои ERP ва CRM – барои ҳамоҳангсозии фаъолияти логистикӣ бо дигар бахшҳои ширкат;
- интернети ашёҳо (IoT) – барои назорати ҳолати техника ва бор дар вақти муайян;
- зеҳни сунъӣ ва таҳлили додаҳои калон (Big Data) – барои пешгӯии талабот ва банақшагирии самараноки захираҳо.
Хусусиятҳо ва афзалиятҳои ТИ дар логистикаи нақлиётӣ:
- Имкони танзими фаъолият мутобиқ ба талаботи инфиродии ҳар як ширкати соҳавӣ;
- Имкониятҳои васеъ шароит фароҳам меорад, ки шумораи зиёди амалҳои стандартӣ ва кори ҳамарӯзаро ба таври назаррас осон ва тез гардонад;
- Муносибати самаранокии вақти кории кормандон дар як низом аз менеҷери логистика то муҳосиб ва роҳбар, бо дастрасии якҷоя ба маълумоти амалӣ;
- Фароҳам овардани интерфейси қулай ва фаҳмо, ки барои ҳар як истифодабаранда осон аст;
- Воридсозии босуръат барномаҳо метавонад аз ҷониби якчанд истифодабаранда маълумотҳоро қабул намуда, фаъолияти ҳамаи онҳоро дар якҷоягӣ ҳисобот омода созанд.
Саидов Асомиддин Қурбонович – н.и.п., кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 

 
                                   
                                   
                                  