РУШДИ НАҚЛИЁТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди низоми нақлиётӣ ва инфрасохтори он дар таъмини инкишофи иқтисодии кишвар заминаи боэътимод гузошта, баланд бардоштани сатхи ҷолибияти сармоягузории онро таъмин менамояд. Илова бар ин, низоми нақлиётӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи раванди ҳамгироӣ дар ташаккули муҳити берунии ҳамаи субъектҳои хочагидор нақши калидй мебозад.

Инфрасохтори нақлиётй маҷмуи ҳамаи намудҳои нақлиёт ва сохторҳои нақлиётӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиёт пешбинӣ шудааст.

Нақлиёт яке аз муҳимтарини ҷузъҳои иқтисодиёт буда, тамоми зерсохторҳои онро дар як ягонагӣ ҷамъ мекунад. Омили нақлиётӣ аз як тараф ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо таъсир расонида, барои нигоҳ доштани қобилияти онҳо замина ба вуҷуд меорад, аз чониби дигар воситаи ягонаи таъмини муомилоти мол тавассути хамлу нақли онҳо мебошад. Айни замон алоқаи нақлиётӣ тамоми минтақаҳои кишварро муттаҳид намуда, тамомияти арзӣ ва ягонагии фазои иқтисодии худро нигоҳ дошта, барои рушди бозорҳои махаллӣ, минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷа, мо метавонем ба хулосае омадем, ки нақлиёт муҳимтарин ҷузъи иқтисодиёти миллии кишвар мебошад.

Низоми ягонаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи намудҳои гуногуни нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро муттаҳид сохта, инчунин шабакаҳои нақлиётии кишварро фаро мегирад, ки ҳамлу нақли борҳо ва мусофиронро таъмин менамояд.

Самаранокии фаъолияти низоми нақлиётӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати ҷугрофӣ дар шароити куҳсор ҷойгир шудааст ва барои баромадан ба баҳр дастрасӣ надорад хеле муҳим мебошад. Дар баробари ин иқтидори бузурги транзитӣ ва шароити мавҷудаи инфрасохтори нақлиётии кишвар имкон медиҳад, ки ҳамгироии иқтисодӣ ва интиқолҳои байналмилалӣ байни кишварҳои ҳамчавор таъмин карда шавад.

Бунёд ва таъмири роҳҳои автомобилгард, сохтмони роҳравҳои нақлиётӣ, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти нақлиёт дар бист соли охир муҳимтарин дастовардҳои замони истиқлолият буда, дар рушди босуботи кишвар ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумхурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда доранд.

 Яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварро муайян мекунад ва мавқеи иқтисодии онро дар муқоиса ба дигар кишварҳо нишон медиҳад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошад. Аз нишондиҳандаҳои омори расмӣ бармеояд, ки ҳаҷми ММД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба болоравӣ майл дорад ва ба ҳисоби миёна суръати рушди он 7,8% -ро ташкил менамояд (чадвали 1). Агар суръати рушди ММД кишварро бо ҳиссаи нақлиёт дар ташаккули он қиёс намоем, он гоҳ ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши нақлиёт дар иқтисодиёти кишвар то чӣ андоза бузург аст. Воқеан, рушди босуръати иқтисодиву ичтимоӣ талаботро ба хизматрасониҳои нақлиётӣ афзоиш дода, ҳаҷми интиқоли бору мусофиронро зиёд менамояд.

Ноустувории ҳиссаи нақлиётро дар истеҳсоли ММД пеш аз ҳама дар татбиқ ва анҷоми лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, ки муҳлати амалишавии онҳо чанд солро дар бар мегирад марбут намудан мумкин аст. Бахусус лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар сохтмон ва таъмири шоҳроҳҳои автомобилӣ, бунёди нақбҳо ва пулҳо дар давоми ду-се сол анҷом ёфта, арзиши ниҳоии онҳо дар марҳилаи интиҳоӣ ба ММД инъикос мегардад.

Шароити куҳсори ҷумҳурӣ, арзиши нисбатан ками интиқол, ҳаҷми мувофиқи боркашонӣ, талаботи рузафзун ва хусусияти хоси нақлиёти автомобилӣ афзалияти ин намуди нақлиётро дар кишвар муайян месозад. Аз ин ру, барои ҳаракати доимӣ ва сари вақт дастрас намудани борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ба рушди инфрасохтори мазкур аҳамияти зарурӣ дода шуда, шароити мувофиқ муҳайё карда шудааст.

Ҳамаи намудҳои нақлиёт, ки низоми ягонаи нақлиётии кишварро ташкил медиҳанд, дорои хусусияти ба худ хос буда, дар маҷмӯъ рушди соҳаро таъмин мекунанд. Барои таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ҳамаи намудҳои нақлиёт бояд бо ҳам алоқаманд бошанд ва мураттаб фаъолият намоянд. Шабакаи умумии нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш 26,6 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард, ки беш аз 14 хазор километри он мумфарш мебошанд ва 666 километр роҳҳои оҳанро дар бар мегирад.

Барои баррасии нақши низоми нақлиёт дар рушди иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти онро ҳамчун меъёр истифода намудан мумкин аст. Меъёрҳои асосии баҳодиҳии самаранокии нақлиёт инҳо мебошанд: ҳаҷми боркашонй, ҳаҷми мусофирбарӣ, гардиши бор, гардиши мусофирон, таносуби намудҳои нақлиёт дар боркашонӣ ва мусофирбарӣ, арзиши боркашонй, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи нақлиёт ва ғайра.

Дар шароити кунунӣ, динамикаи мусбии боркашонӣ ва мусофирбарӣ асосан бо таъсири равандҳои иқтисодӣ ва ҳолати мусоиди рушди нақлиёт муайян карда мешавад. Дар давоми 10 соли охир ҳаҷми умумии боркашонй беш аз 38% афзуда, соли 2020 85,4 млн. тоннаро ташкил дод, ки сами нақлиёти автомобилӣ дар он ба 92,6% баробар аст. Дар ҷадвали 2 динамикаи боркашонӣ тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт дар солҳои 2011-2020 оварда шудааст.

Намудҳои нақлиёт Чӣ тавре, ки аз нишондиҳандаҳои чадвал мебинем, ҳарчанд ҳаҷми боркашони дар маҷмӯъ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт дар соли 2020 нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардидааст, аммо ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ дар ин давра коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, зиёдшавии ҳаҷми интиқол пеш аз ҳама аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ таъмин карда шудааст.

Мусофирбарӣ низ яке аз самтҳои фаъолияти нақлиётӣ буда, аз тарафи ахолӣ ва сафарҳои мусофирон бо мақсадҳои гуногун иборат аст. Ҳарчанд нишондиҳандаи мазкур хусусияти ичтимоӣ дошта бошад ҳам, дар бисёр маврид ба иқтисодиёт ва вазъи иқтисодӣ алоқаманди дорад, зеро баланд гардидани сатҳи иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии ахолӣ рафтуомад ва фаъолии онҳоро афзун месозад.

Таҳлили динамикаи ҳачми мусофирбарй бо намудҳои гуногуни нақлиёт нишон медиҳад, ки дар ин намуди фаъолият низ нақлиёти автомобилй нисбат ба дигар намудхои нақлиёт афзалият дошта, танҳо дар соли 2023 ҳиссаи он ба 96,9% баробар аст. Ҳаминро қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин самт саҳми нақлиёти барқӣ низ назаррас буда, соли 2023 ҳаҷми мусофирбарӣ бо ин намуди нақлиёт 20,3 млн. нафар (3,9%)-ро ташкил дод.

Соҳаи нақлиёт дар ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва ватанӣ фаъол буда, то соли 2023 бо маблаги умумии беш аз 3,7 млрд. доллари ИМА лоиҳаҳо дар соҳа татбиқ карда шудаанд. Айни замон дар соҳаи нақлиёт татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар таъмини шуғли аҳолии кишвар нақши нақлиёт ҳалкунанда буда, танҳо дар соли 2023 беш аз 62,3 ҳазор нафар дар ин самт машғул буданд. Бо зиёд гардидани шумораи нақлиёти автомобилии хусусӣ талабот бо хизматрасониҳои нақлиётӣ афзун мегардад, ки дар ниҳояти кор рушди бозори хизматрасониро таъмин менамояд ва дар сатҳи микроиқтисод таъсири худро мерасонад.

Аз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ дар соли 2022 бармеояд, ки танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор автомобилҳои сабукрав ба кишвар ворид гардидааст, инчунин дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст. Бо ворид гардидани воситаҳои нақлиётӣ ба кишвар ҳар яки дар ин ё он самт хароҷот ва даромадро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят ба иқтисодиёт таъсири муассир мерасонанд.

Ҳамин тавр, бо ҷамъбасти гуфтаҳои боло қайд намудан ба маврид аст, ки соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодии кишвар нақши калидӣ дошта, таъсири мустақими худро дар фаъолияти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мерасонад ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Мавқеъ ва аҳамияти нақлиётро дар иқтисодиёти миллӣ ҳаҷми назарраси ҳиссаи он дар фондҳои асосии истеҳсолии кишвар, ҳиссаи назарраси хизматрасонии нақлиётӣ дар маҷмӯи махсулоти дохилӣ (дар соли 2022 – 8,4%), сармоягузорӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ (дар соли 2023 – 18,6%) ва шумораи коргарони дар онҳо фаъолиятдошта тасдиқ мекунад. Инчунин нақлиёт ҳамчун соҳаи иқтисодӣ дар истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва ташаккули дигар нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ, ки иқтисодиёти кишварро тавсиф мекунанд, фаъол мебошад.

Ин далелҳо аз он шаходат медиханд, ки нақлиёт ба қатори соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт дохил карда шавад. Ҳамин тавр, татбиқи нақши инфрасохтори нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар фароҳам овардани шароитро барои таъмини чунин сатҳи рушди он тақозо мекунад, ки ҳама гуна эхтиёҷоти мавҷудаи иқтисодиёт ва аҳолиро ба ҳамлу нақл (бо сифати зарурӣ) кафолат медихад. Фаъолияти устувори хамаи ҷузъҳои раванди нақлиётӣ аз омилҳои гуногуни иқтисодиву ичтимоӣ, техникиву технологӣ ва табии вобастагӣ дошта, ҳамгироии пурсамари онҳо боиси пешрафти соҳа мегардад.

Ҳамин тариқ, нақлиёт яке аз муҳимтарин сохахои асосии ицтисоди миллй буда, бо тамоми чузъхои иқтисодиёт ва соҳаи ичтимоӣ робита дорад. Рушди ояндаи кишвар ва такмили равобити ицтисодии дохилию берунии он махз аз дарачаи инкишофи инфрасохтори налиётӣ вобаста аст.

Раҳимов Ҷасур Ҷалолиддинович

ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии ДКМТ