ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО ВА РАВОБИТИ ХУБИ ДИПЛОМАТӢ ТАЪМИНКУНАНДАИ СУБОТУ ПЕШРАФТ АСТ.

(дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия дар шаҳри Душанбе)
Ҳар кишваре, ки ба истиқлолияту озодӣ ва амнияту осудагӣ бо ҳадди зарурӣ таъмин гардид, он давлат рў ба рушду нумў хоҳад овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун яке аз мамлакатҳои рў ба тараққӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, дар ин рўзҳо мизбони фаррухрўзи сарварон ва намояндагони дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст.
Аҳамияти сулҳу осоиштагӣ барои ҳар сарзамин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки робитаи хуб ва созандаи мамлакат бо кишварҳои хориҷӣ қавӣ гардида, ба рушду пешрафт сабаб гардад.
Мардуми сарбаланди тоҷик имрўз ифтихор аз он доранд, ки бо шарофати истқлолияти давлатӣ ва амну суботи пойдори мамлакат дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.
Мардуми тоҷик Федератсияи Русияро яке аз шарики стратегӣ ва дўсти бо эътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунанд. Дар тўли соҳибистиқлолии мамлакат робитаи хуби иқтисодӣ ҷиҳати воридоту содироти молу маҳсулот, ҳамшарикӣ дар самти тарбияи мутахассисони соҳоти мухталиф ва бунёди муассисаҳои миёнаву олии таълимӣ, инчунин робитаҳои қавии илмиву фарҳангӣ байни ин ду кишвари дўст боз ҳам мустаҳкамтар гардиданд. Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин низ зимни суханронии худ эътимоди дўстиву ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд. Дар мулоқоти судманде, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин анҷом доданд, масоили калидии иқтисодиву фарҳангӣ ва саноативу мудофиавӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва ҳамчунин дар соҳаҳои амнияту мудофиа байни ҳарду кишвар муҳим шумориданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи бузурги давлатдорӣ доранд, Тоҷикистонро дар як муддати кўтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба мамлакати осудаву обод расониданд, ки имрўз мизбони бонуфузтарин ҳамоишҳост.
Дар асоси маълумот ва таҳлилҳои ниҳоии як тадқиқоти муътабари байналмилалӣ, ки аз ҷониби созмони маъруфи ҷаҳонӣ оид ба арзёбии сатҳи амният ва субот анҷом дода шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон мақоми дуюмро аз рӯи амният соҳиб гардид. Ин эътироф гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст дар як муҳити мураккабу пуртазоди ҷаҳонӣ сатҳи баланди амният ва суботи сиёсиву иҷтимоиро таъмин намояд.
Мушкилтарин масоили давлатӣ дар замони сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Кушодавии сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки бо дастури хирадмандонаи ҳарду ҷониб сурат гирифт ва дўстии абадӣ байни ин ду сарзамин имрўз побарҷост, аз хизматҳои бузург ва мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Имрўзҳо робитаи мустаҳками иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ ва саноатӣ байни ин ду кишвар побарҷост, ки дар мулоқоти роҳбарони ҳарду ҷониб зимни ҳамоиш низ оид ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори омодагӣ карда шуд.
Ҷумҳурии Туркманистон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дўст робитаи ҳамкориҳои хешро боз ҳам қавитар гардонид. Баргузории рўзҳои фарҳангӣ байни ин ду давлат ифодагари онанд, ки робитаи хуби дипломатӣ байни ин ду сарзамин побарҷост ва таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов чуноне ки зимни мулоқоти ҷонибҳо зикр карда шуд, соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” дар омодаи рушд хоҳанд шуд.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расидааст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки осоиштагии ду сарзамин бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев боз ҳам рў ба рушд хоҳад овард. Зеро дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оини дўстиву рафоқат, ҳамкориву пешрафт ва таъмини ҳаёти осудаи сокинони сайёраи замин дар мадди аввал меистад, ба пешрафтҳои рўзафзун ноил хоҳад гашт.
Сиёсатмадори варзида, муаррифгари таърих ва тамаддуни барҷастаи миллати тоҷик дар бонуфузтарин минбарҳои созмони миллали муттаҳид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муаммову масоили минтақавӣ, балки дар ҳифзи амну суботи сокинони сайёра ва пешгирии хатарҳои табиӣ чандин маротиба пешниҳодоти судманд ироа кардаанд. Яке аз кишварҳое, ки дар ҷаласаҳои СММ ташаббусҳои аҳамияти байналмилалидоштаи кишвари моро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намудааст, Ҷумҳурии Қирғизистон бо намояндагии Президенти ин кишвар муҳтарам Садир Жаппаров мебошад. Хиради азалӣ ва эҳтироми ҳамсоядорӣ имрўз сабаб гардид, ки дар доираи дўстиву бародарӣ муаммоҳои мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо карданд, чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохўрии худ дар доираи Ҳамоиш бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров зикр намуданд: “бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”. Ҳамзамон доир ба васеъ намудани муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ доир ба масоили амниятиву минтақавӣ ва вокуниш ба хатару таҳдидҳо гуфтугўи судманд сурат гирифт.
Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бояд зикр намуд, ки санадҳои нави ҳамкорӣ имкон фароҳам меоварад, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия боз ҳам мустаҳкамтар гардад.
Зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди 5 мактаби русӣ ва Маркази кўдакони болаёқат, омодасозии омўзгорони фанни забони русӣ, таъмини китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ва сохтмони Театри русии драма ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе далели он аст, ки робитаи дўстии байни ин ду кишвар рўз аз рўз бештар гардида истодааст.
Мардуми сарбаланди тоҷик, ки дар фазои истиқлолияту озодӣ имрўз зиндагӣ доранд ва арзишҳои милливу давлатии худро эҳтиром мегузоранд, ифтихор аз он мекунанд, ки чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар мамлакаташон баргузор гардида истодааст. Осоиштагиву суботи сиёсии мамлакат, таъмини амнияту осудагии сокинон, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти сарзамин асоси пешрафту шукуфоӣ хоҳанд буд.
Осими Оқил номзади илмҳои техникӣ, сардори раёсати таълими
Донишкадаи кӯҳию металлургии
Тоҷикистон