70-солагии Манон Мавлонов таҷлил карда шуд

Санаи 13-уми феврали 2021, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 70- солагии дотсенти кафедраи экологияи донишкада ва яке аз фаъолони соҳаи химияи нафт Манон Мавлонов  таҷлил карда шуд.

Бахшида ба 70-солагии ин олими шинохта ва шахсияти номвар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конфронси илмӣ назариявии вилоятӣ бо ширкати муҳаққиқон, олимону омӯзгорону донишҷӯён ва собиқадорони соҳаи экологияи соҳавӣ ва муаммоҳои он, ҳамкорони соҳибҷашн  ширкат варзиданд

Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, соҳибҷашнро табрик намуда, барои саҳми намоён гузоштанаш дар рушди соҳаи химияи нафту газ  ва эколоияи соҳавӣ изҳори сипос намуданд.

Баъдан, ҳайати профессорию омӯзгории  донишкада, шогирдон, донишҷӯён ва ҳамкорон аз хизматҳои намоён ва корнамоиҳои соҳибҷашн Манон Мавлонов ёдовар шуда, аз хизматҳои номбурда дар соҳаи илм ва таълим, то омода намудани кадрҳои сатҳи олии ватанӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Имрӯз, омӯзгори соҳибтаҷриба ва сермаҳсул Манон Мавлонов ба сину соли худ нигоҳ накарда дар кафедраи экологияи донишкада,  фаъолияти омӯзгории хешро идома дода, барои тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа ва рушди илм ва саноати мамлакатамон саҳм мегузоранд.

Яке аз самтҳои фаъолияти дотсенти кафедраи экология Манон Мавлонов, ин ҷалб намудани донишҷӯён, муҳаққиқон, магистрон ва докторони PhD ба корҳои илмию тадқиқотии соҳавӣ дар озмоишгоҳҳои амалкунандани донишкада. Инчунин бо истеҳсолот вобаста намудани корҳои онҳо ва дар саноатикунонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳм гузоштани онон, талош менамояд.

Мо, ҳайати професориву омӯзгорӣ, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлурги Тоҷикистон омӯзгори пуртаҷриба ва нуқтасанҷ Манон Мавлоновро бо ин  рӯзи мавлуд табрик намуда ба эшон тансиҳатӣ ва умри бобаракат хоҳонем!

Азизов Ш. 

ассистенти кафедраи экология