Қабули шаҳрвандон ва донишҷӯён аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва муовинони ректор сурат мегирад, ки дар он арзу шикоятҳо ва дархости шаҳрвандон баррасӣ карда мешавад.
Дирӯз, низ тибқи ҷадвал ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯ Ваҳдатшо Мариншоевро ҳамроҳ бо муовини ректор оид ба таълим Қозиев Камолудин ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадинахон ба ҳузур пазируфтанд.
Ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи донишҷӯро шунида, ба масъулин супориш доданд, то дар доираи қонун ва муқаррароти мавҷуда ба ӯ мусоидат карда шавад.

М. Сайидзода