АРСАИ НАНГ АСТ, КОРЗОРИ РОҒУН!

Роғун корзори арсаи нангу номуси миллати созандаву бунёдкори тоҷик аст. Имрӯз мо дубора шоҳиди ҷомаи сабз ба бар кардани орзую омоли миллати шарафманди тоҷик гардидем. Тоҷикистон имрӯз ба баландтарин  ва чароғистонтарин кишвари ҷаҳон мубаддал гардид. Бахти баланд аст, ки мо тавассути ин нерӯгоҳ ба бузургтарин ҳадафҳоямон мерасем ва минтақаро низ нуристон мегардонем. НБО “Роғун” ба мо имконият медиҳад, ки ба бузургтарин орзуву ормонҳоямон ноил гардем. Имконият ва иқтидори Тоҷикистон дар минтақа хеле зиёд аст, аммо мо аз он ба дараҷаи ниҳоят кам истифода менамоем. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд “ тавре, ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мо имкон дорем, ки дар давоми сол 527 миллиард кВт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем. Вале мутаассифона, айни ҳол ҳамагӣ 6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаваду халос”.  Яъне, ҳамон гуна, ки гуфта мешавад, мо имконият ва тавоноии бештаре дорем аз он ки истифода мекунем. Тавоноӣ ва иқтидори Тоҷикистон  новобаста аз ҷойгиршавии географӣ хеле назаррас ва чашмгир аст ва ин метавонад дар оянда барои мардуми кишвар аз захоири бузурги сарват дониста шавад. Зеро бо истифода аз ин неъматҳо ё худ имкониятҳо мо метавонем марҳила ба марҳила ба хостаҳо ва ҳадафҳои бузурги хеш бирасем. Албатта, фақат ба таври  пурра ба истифода додани НБО “Роғун” моро метавонад ба истиқлолияти энергетикӣ бирасонад ва боз чандин мушкилоти дигари иҷтимоиро ҳал намояд. Нақшаи созандагӣ дар кишвари азизамон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад ва ин метавонад, ҷомеаи Тоҷикистонро ба фардои заррин бирасонад. Зеро шарафу номус ва, далериву шуҷоат,  матонату мардонагии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тавонист, як лоиҳаи бузург аз корномаи созандагии кишварро дар амал татбиқ намояд.  

Имрӯз бо ба кор шуруъ намудани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун  Тоҷикистони азиз нуристон шуд ва умеди онро дорем, ки ҳамеша нуристон бошад ин кишвари зебову дӯстдоштанӣ. Ҷашни созандагиву ободият муборак бошад, Тоҷикистони азиз!

                                                          Кенҷаев Шӯҳрат

                                                               омӯзгори донишкада