35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲАИ КОРГУЗОРӢ ДАР КИШВАР

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузург маҳсуб ёфта, барои мо Тоҷикистон заминаи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти назаррас ба амал омада, низоми идоракунии давлатӣ низ марҳила ба марҳила такмил ёфт.
Яке аз самтҳои муҳими низоми идоракунӣ соҳаи коргузорӣ мебошад. Коргузорӣ маҷмуи равандҳоест, ки таҳия, қабул, бақайдгирӣ, интиқол, назорат, нигоҳдорӣ ва бойгонии ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад. Фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо бе низоми дурусти коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тасаввурнопазир аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи коргузорӣ дар Тоҷикистон низ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардида, аз шаклҳои анъанавии ҳуҷҷатнигорӣ ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ рӯ овард. Ин раванд яке аз нишонаҳои рушди низоми идоракунии давлатӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.
Истиқлолият барои ташаккули низоми мустақили идоракунии давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории кишвар тадриҷан ташаккул ёфта, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногун бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуданд. Ин раванд ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тартиби қабули қарорҳо ва низоми ҳуҷҷатгузорӣ низ таъсири бевосита расонд.
Коргузорӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ танҳо ба таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо маҳдуд намешавад. Он бо масъалаҳои қабули қарорҳои идоракунӣ, назорати иҷрои супоришҳо, мукотибаи байниидоравӣ, муносибат бо шаҳрвандон ва ташкилотҳо, нигоҳдории маълумоти муҳим ва таъмини шаффофияти фаъолияти идораҳо алоқаманд мебошад.
Аз ин рӯ, рушди соҳаи коргузорӣ яке аз омилҳои муҳими такмили низоми идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ин таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мебошад. Забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо танзим менамояд. Тибқи қонун, коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ анҷом дода мешавад.
Ин меъёр аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ дорад. Зеро истифодаи дурусти забони давлатӣ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ, рушди истилоҳоти соҳавӣ ва ташаккули фарҳанги баланди ҳуҷҷатнигорӣ мусоидат мекунад.
Дар раванди коргузорӣ риояи қоидаҳои имло, аломатҳои китобат, услуби расмӣ ва меъёрҳои забони адабӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳуҷҷати расмӣ бояд равшан, дақиқ, мухтасар ва аз нигоҳи забонӣ саҳеҳ бошад. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани саводи забонӣ ва касбии кормандони соҳаи коргузорӣ яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи коргузорӣ як қатор тағйироти назаррас ба амал омад. Агар дар гузашта қисми зиёди ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ таҳия ва нигоҳдорӣ мешуданд, имрӯз технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти идораҳо мавқеи муҳим пайдо карданд.
Гузариш ба ҳуҷҷатгузории электронӣ имкон медиҳад, ки вақти таҳия ва интиқоли ҳуҷҷатҳо кам гардида, назорати иҷрои супоришҳо беҳтар шавад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ инчунин, барои нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва коркарди маълумот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.
Дар ин самт таҳияи тартибот ва дастурамалҳои нави коргузорӣ аҳамияти махсус дорад. Аз ҷумла, соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №355 «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ин низомро ба танзим даровардааст. Дастурамал равандҳои таҳия, воридшавӣ, бақайдгирӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла тавассути низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, ба танзим медарорад.
Ин гуна тадбирҳо нишон медиҳанд, ки рушди коргузорӣ бо рушди технологияҳои муосир пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои муҳими такмили идоракунӣ мебошад. Коргузории электронӣ метавонад гардиши ҳуҷҷатҳоро тезонида, хароҷоти истифодаи коғазро кам намояд ва имконияти назорати иҷрои ҳуҷҷатҳоро васеъ кунад.
Дар коргузории электронӣ ҳуҷҷат метавонад аз ҷониби як воҳиди сохторӣ таҳия шуда, тавассути низоми иттилоотӣ ба воҳиди дигар ирсол гардад. Роҳбар метавонад раванди иҷрои онро назорат кунад ва баъди анҷоми кор ҳуҷҷат дар низоми муайян нигоҳдорӣ шавад. Ин раванд дар маҷмуъ ба баланд гардидани самаранокии идоракунӣ мусоидат мекунад.
Қайд намудан лозим аст, ки рушди соҳаи коргузорӣ пеш аз ҳама ба кадрҳои соҳибтахассус вобаста мебошад. Корманди соҳаи коргузорӣ бояд на танҳо қоидаҳои ҳуҷҷатнигориро донад, балки аз фарҳанги баланди забонӣ, малакаи кор бо технологияҳои муосир ва масъулияти касбӣ бархӯрдор бошад.
Ҳуҷҷати расмӣ аксаран натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ё ташкилотро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як иштибоҳ дар таҳия, бақайдгирӣ, интиқол ё нигоҳдории ҳуҷҷат метавонад ба раванди иҷрои қарорҳо таъсир расонад.
Бо назардошти ин, такмили донишу малакаи кормандони соҳаи коргузорӣ бояд пайваста сурат гирад. Омӯзиши қонунгузорӣ, қоидаҳои коргузорӣ, забони давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои муосири идоракунии ҳуҷҷатҳо барои ҳар як мутахассиси ин соҳа зарур мебошад.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар на танҳо санаи муҳимми таърихӣ, балки фурсатест барои арзёбии роҳи тайкардаи давлат ва ҷомеа дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла низоми идоракунӣ, қонунгузорӣ, забони давлатӣ ва коргузорӣ, тағйироти муҳим ба амал омад.
Рушди соҳаи коргузорӣ бо ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими забони давлатӣ ва ворид гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ робитаи мустақим дорад. Имрӯз коргузорӣ тадриҷан аз шакли анъанавии коғазӣ ба низоми муосири электронӣ мегузарад. Ин раванд барои баланд бардоштани суръат, дақиқӣ, назорат ва самаранокии фаъолияти идораҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар баробари ин, рушди минбаъдаи соҳа аз сатҳи касбии кормандон, риояи қонунгузорӣ, истифодаи дурусти забони давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ такмили коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузории электронӣ бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ идома ёбад.
Истиқлолият барои мо тоҷикон имконият фароҳам овард, ки низоми мустақили давлатдорӣ ва идоракунии миллӣ ташаккул ёбад. Рушди коргузорӣ дар ин раванд ҷузъи муҳими фаъолияти давлатӣ буда, бо таҳкими забони давлатӣ, риояи қонунгузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир пайваста мебошад. Аз ин хотир, метавон чунин арзёбӣ кард, ки пешрафти коргузорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди идоракунии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!
35-соли созандагӣ ва музаффарияти миллат хуҷаста бод!
Муминова ДИЛОРОМ
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон