Ширкати донишҷӯён дар омташаббусе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии замин

Санаи 23-уми апрели соли ҷорӣ тибқи иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Маркази Барномаҳои рушди СММ  дар вилоят, Котиботи байналмилалии об, Ассотсиатсияи Хелветас Свисс Интеркорпорейшен дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист”/Маркази Орхус дар ш. Хуҷанд ва дигар шарикон,   дар шаҳр аксияи экологӣ вобаста ба тоза кардани соҳили дарёи Сир гузаронида шуд.

Аксия тибқи Лоиҳаи “Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” – и Барномаи Рушди СММ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад амалӣ гардид.

Ин чорабиниҳо барои ҳар  шаҳрванд вобаста ба гузоштани саҳми худ дар нигаҳдории захираҳои обии Замин ва амалигардонии яке аз ҲАДАФҲОИ самти Рушди устувор, яъне Ҳадафи №13 “Мубориза бо тағирёбии иқлим” имконияти хуб мебошад.

Дар чорабинӣ зиёда аз 230 нафар ҷавонон, аз он ҷумла донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ш. Бӯстон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва аз дигар ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ ва шаҳрвандони фаъол иштирок намуданд.

          Яке аз ҳадафҳои чорабинӣ ин баланд бардоштани огоҳии ҷомеа аз таъсири тағйироти иқлим ба захираҳои обӣ, мусоидат ба рушди устувори ҳифзи муҳити зист ба воситаи баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии экологии минтақа, мебошад.

          Дар рафти чорабинӣ соҳилҳои дарё аз партовҳо тоза карда шуда инчунин  дарахтҳо дар назди сохил шинонида шуданд.

          Аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 11 нафар донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3, ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист бо роҳбарии омӯзгори калони кафедраи Экология Саксанова Н.А. иштирок намуданд.

          Дар охири чорабинӣ байни зиёда аз 200 нафар иштирокчиён, викторина гузаронида шуд, ки саволҳои он вобаста ба тағйирёбии иқлим, муаммоҳои экологии ҷаҳон буданд.

          Донишҷӯёни ДКМТ ба саволҳои викторина фаъолона ҷавоб дода соҳиби тӯҳфаҳо гаштанд. Донишҷӯи бахши 1,  Неъмат Қаҳорӣ ба саволҳои муҳимтарини викторина  посух дода  соҳиби шоҳҷоиза гардид.

         

                                                Мадаюбова Озода,

Донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 330101-05