Эълон ба хатмкунандагони донишкада

Ба маълумоти хатмкунандагоне, ки хоҳиши пеш аз муҳлат хатм кардани Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро доранд, расонида мешавад:
–  ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида пеш аз муҳлат роҳ додани хатмкунандагоне, ки хоҳиши хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро доранд;
– Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа имтиҳони давлатӣ ва рӯзи шанбе ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор карда мешаванд;
– Барои роҳ ёфтан ба раванди кори комиссияи хатм, мактуби МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои кишвар бо зикри ному насаби хоҳишманд ва бо замимаи аризаи розигӣ талаб карда мешавад;
– Он хатмкунандагоне ба раванди кори комиссияҳои хатм роҳ дода мешаванд, ки уҳдадориҳои нақшаи таълимро пурра буд карда, дар даст лоиҳаи рисолаҳои дипломӣ доранд.

Эзоҳ: Барои маълумоти иловагӣ ва корбарӣ ба шуъбаи дуюм(тел.: 92-929-24-03) ва шуъбаи умумӣ ва назорат(тел.: 92-917-16-88) муроҷиат намоед.