Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”сарфароз гардид

Имрӯз, дар ҷаласаи раёсати донишкада муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ медали нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шаҳодатномаи онро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, дар ҳузури аъзоёни раёсат супорид.

Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада  профессор Бахтиёр Маҳмадалиро  барои шарафёб гардидан ба ин мукофоти воло самимона табрик намуда, бардбориҳо таманно менамоем.