Дарси кушоди омӯзгор Хӯҷамов Шокир

Гузаронидани дарсҳои кушод ва омӯхтани методи таълимии омӯзгор барои ҳамагон муфид аст. Аз ин лиҳоз аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳо дарсҳои кушод бо ширкати мутахассисон гузаронида мешавад, ки  ин бап салоҳи  кор аст.

Дарси кушоди ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика Хӯҷамов Шокир дар мавзӯи “Функсияҳои матнӣ, мантиқӣ, сана ва вақт” ба донишҷӯёни бахши 1-уми ихтисоси 510201-01 гузаронида шуд. 

Дар дарси кушод мудири кафедра н.и.п., Туев Ш.Ш., сардори шуъбаи БИСТ- Юсупов Х.М., мутахассиси раёсати таълим- Маҳмудов Ҳ., омӯзгорон Абдураҳмонова А.И. ва Саидов А.Қ. ширкат варзиданд. Пас аз пурра баррасии мавзӯи имрӯзаи дарс, меҳмонон ба донишҷӯён суолҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот