Ҳайати роҳбарикунандаи Донишкадаи Конфутсий аз донишгоҳи шаҳри Панҷакент дидан намуданд

 Санаҳои 24-25 моҳи ноябри соли ҷорӣ  директорони Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  Жен Гентян ва Мастура Валиева ба шаҳри Панҷакенти бостонӣ сафари хизматӣ намуданд, ки аз ҷараёни сафар ба шуъбаи иттилоот хабар доданд.
Дар рафти ин сафари хизматӣ онҳо ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ташриф оварда аз ДК дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар назди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент фаъолият мебарад, дидан намуданд. Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ-ро ҳамкорон аз Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо хушнудӣ пазируфта, марказҳои забономӯзиро намоиш доданд.
Баъдан омӯзгорони забони чинӣ дар мубодилаи афкор ва таҷриба нисбати методҳои самараноки омӯзиши забони чинӣ изҳори ақида намуданд. Аз ҷониби ДК дар назди ДКМТ ба роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент китоб бахшида ба панҷсолагии донишкада ҳамчун тӯҳфа тақдим карда шуд. 
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот масъалаи табодули методи таълим ва  ҳамкориҳои дуҷониба дар назар гирифта шудааст, ки минбаъд равобити ҳалқаи донишкадаҳои Конфутсийро густариш медиҳад.
Шуъбаи иттилоот