Ташрифи доктор Мансур Ғурбатӣ ба донишкада

Имрӯз. роҳбари анҷумани геологҳои Эрон доктори илмҳои геологӣ Мансур Ғурбатӣ  ба донишкада ташриф оварда бо омӯзгорону кормандони факултети корҳои кӯҳӣ мулоқот намуд. Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Замониддин Насриддинов ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, доктор М. Ғурбатӣ роҷеъ ба заминшиносии Эрон ва Осиёи Миёна, авзои кунунии муҳити зист ва дигар маосили геологӣ маърӯза хонд.

Ёдовар мешавем, ки доктор Масрур Ғурбатӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мехоҳад робитаи наздики илмиро ба роҳ андозад ва дар ин самт аллакай барномаҳои хешро ироа намудааст.

Шуъбаи иттилоот