Аз ҷараёни имтиҳони давлатӣ дар кафедраи экология

Шурӯъ аз санаи 06.06.2022с. тибқи ҷадвали тасдиқгарида, дар кафедраи экологияи факултети металлургия кори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ оғоз гардидааст. Тибқи иттилои мавҷуда,  имсол  аз рӯи ихтисоси 330101-05 ҳифзи муҳандисии муҳити зистро 19 нафар донишҷӯёни бахши  рӯзона ва 15 нафар донишҷӯёни бахши фосилавӣ хатм менамоянд.

          Раиси КАД, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисоси мазкур тасдиқ гардидааст: Тиллобоев Ҳакимҷон Иброгимович – н.и. химия, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Ҷараёни имтиҳонсупорӣ бисёр ҳам дар шакли олӣ мегузарад ва донишҷӯён бо супоридани охирин имтиҳони хеш роҳҳат ба кор мегиранд, ки ин лаҳзаҳои хотиравӣ барои ҳам омӯзгор ва ҳам хатмкунанда мебошад. Кафедраи экология яке аз кафедраҳои фаъол дар донишкада буда, дар он мисли дигар кафедраҳо профессорон ва номзадҳои варзидаи илм ба тадрис машғуланд ва фаромӯш намудани чунин олимони варзида осон нахоҳад буд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо профессор Розиқов Зафар аст, ки мавсуф аз олимони серкору сермаҳсул  ва обрӯманд дар доираҳои илмии Осиёву Аврупо мебошад. 

Ба ҳамин далел, дарс ва имтиҳон дар ин кафедра бисёр ҳам дар шакли олӣ мегузараду раёсати донишкада низ пайваста нисбати кадрҳои кафедраи мазкур ғамхорӣ зоҳир менамояд. Имрӯз,  ректори донишкада н.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини аввали ректор н.и.г-м., профессор  Насриддинов Замониддин.,  декани факултети металлургия Шамсидинов Шӯҳрат аз рафти имтиҳоноти давлатӣ дар ин кафедра  шинос гардида, дар он ҳузур пайдо намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод.

Шуъбаи иттилоот