Ҷараёни имтиҳони шифоҳӣ аз фанни физикаи умумӣ

Имрӯз, дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ донишҷӯён тибқи талаботи нав ба тариқи шифоҳӣ аз фанни физикаи умумӣ зери роҳбарии омӯзгори калон Шербоев Муродҷон имтиҳон супориданд. Тавре, ки маълум аст,  фанни физика яке аз фанҳои асосӣ маҳсуб ёфта, барои донишҷӯён зарур аст, то ба таври комил ин фаннро аз худ намоянд. зеро омӯхтани физика барои ихтисосҳои донишкада қулфкушои ҳамаи дарҳо дониста мешавад.

Ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён аз ҷониби нозири раёсати таълим, ёвари омӯзгор аз кафедра назорат карда шуд ва донишҷӯён тавонистанд, ки бомуваффақият аз имтиҳон гузаранд.

Шуъбаи иттилоот