Таҷрибаомӯзии заргардонишҷӯён дар ҶДММ “Апрелевка”

Дирӯз, донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси заргарии факултети металлургия зери роҳбарии омӯзгор Ҳаётқул Раҳимов дар ҶДММ “Апрелевка” таҷрибаомӯзии хешро гузарониданд. 

Донишҷӯён нахуст аз имкониятҳои корхона, тарзи корӣ, техникаи бехатарӣ ва муҳити корӣ ошно гардида, сипас бо мутахассисон суҳбат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ мегузарад ва тамоми омӯзгоронро зарур аст, то дар ин давра бо донишҷӯён ҳамчунин дарсҳои амалии хешро гузаранд ва ин ҷараён кунун идома дорад.

Шуъбаи иттилоот