Ду нафар аз ДКМТ ғолиби озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” гардиданд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, санаи 5.01.2023с. дар Маркази таҳсилоти иловагии Вилояти Суғд озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон”-и вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раҳимов Ҳаётқул Шифоқулович – омӯзгори калони кафедраи металлургия, бо ихтироотҳои “Коркарди технологияи истеҳсоли металлҳои вазнин аз маъдан ва консентратҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз реагенти доҳилӣ воридотивазкунанда”, Раҳимзода Кӯҳзод Бафоқул – донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 420101-0104 (металлургияи металҳои ранга) бо ихтирои “Тарзи коркарди сулфидии сурмаю тиллодор”, Холҷигитов Раҳимберди Шодибоевич – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 361001 (таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ) бо ихтирои “Механизми ҳаракатии якхатта бо таҷҳизоти даврзананда”,Нуруллозода Ҷумъабой Яҳё, донишҷӯи бахши 2, ихтисоси 420101-047 (металлургияи металҳои ранга) оид ба мавзӯи “Истифодабарии барномаҳои моделирони 3D барои визуализатсияи объектҳои табиӣ” ширкат намуда буданд.
Имрӯз,  дар ҷаласаи тантанавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд ғолибони озмуни мазкур дар вилояти Суғд аз ҷониби муовини якуми раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла ду нафар аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа қадрдонӣ карда шуданд, ки инҳо Раҳимов Ҳаётқул Шифоқулович – омӯзгори калони кафедраи металлургия байни омӯзгорон ва олимони ҷавон сазовори ҷойи якум ва Раҳимзода Кӯҳзод Бафоқул – донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 420101-0104 (металлургияи металҳои ранга) сазовори ҷойи сеюм мебошанд.

Раёсати донишкада ба ду нафар ғолиби озмуни мазкур ҷиҳати талошу заҳматҳояшон изҳори миннатдорӣ баён кард.