Вохӯрӣ бо нахустин хатмкунандагони кафедра

Имрӯз, дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар асоси нақша-чорабиниҳои «Ҳафтаи илм ва амал» вохӯрии нахустин хатмкардагони  кафедра бо донишҷӯён баргузор гардид. Мудири кафедра н.и.техникӣ Осими Оқил чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирок дар ин вохӯрӣ  хайрамақдам гуфт. Дар ин чорабинӣ меҳмонон-кормандони корхонаи «Фулузоти нодири Тоҷикистон» Шарипов Д. ва Азимов С., кормандони ҶМТКММ «Апрелевка» Абдуллоев А. ва Охунов Ҷ., ходими калони илмии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Мирзоев Д., устодони донишкада – дастпарварони кафедра Маҳмудов Ҳ, Исоева А., Боев М. ва Ҳоҷибоев Д. иштирок намуда, андешаронӣ карданд. Дар рафти чорабинӣ декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М., устодони соҳа Мутавалиев А.Т. ва Бобоҷонов С.Н. оид ба робитаи мустаҳками кафедра бо хатмкардагон ва аҳамияти он дар омодасозии мутахассисони соҳа андешаҳояшонро баён намуданд. Дар ин вохӯрӣ хатмкардагони кафедра низ фикру мулоҳизаронӣ намуда, таассуроти худро аз ин вохӯрӣ ба донишҷӯён иброз карданд.