Ҳамкориҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи омӯзгорони ҷавон густариш меёбад

Имрӯз, бо иқдоми роҳбари барномаҳои Созмони миллали муттаҳид дар вилояти Суғд Мақсуд Орипов вохӯрии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар мулоқоти имрӯза масъалаи омӯзонидани омӯзгорони ҷавон ҷиҳати навиштан ва таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, грантӣ ва амсоли он баррасӣ гардида, дар ин ҷиҳат тасмимҳо гирифта шуд.

Аз ҷониби дигар, Раёсати донишкада, иқдоми неки Мақсуд Ориповро бо хушнудӣ пазируфта, бо ҳавсалаи дучанд омодаи идомаи ҳамкориҳоро дар ин самт буда, чунин ҳакориҳоро, ки бар нафъи омӯзгорон ва ҷавонон аст,  нек арзёбӣ карда, ба эшон миннатдорӣ баён медорад.

М. Сайидзода