Имрӯз дар толори китобхонаи электронии Донишкада мулоқоти роҳбарияти факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шӯҳратҷон ифтитоҳ намуда, дар бораи тарбияи дурусти фарзанд, хубу аъло хондани донишҷӯён, тамоси доимӣ бо мураббиёни гурӯҳҳои академиӣ, назорати волидайн, тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа, назорати фарзандон ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ сухан ронда, аз волидайн талаб намуд, ки аз ҳолу аҳволи фарзандонашон зуд- зуд хабар бигиранд ва ононро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир назорати фарзандон, ҷалби онон ба донишандӯзӣ, огоҳ намудани онон аз ҳар гуна хатару зуҳуроти номатлуб хеле муҳим буда, дар раванди тарбияи дуруст ва солими шаҳрвандӣ мусоидат мерасонад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва масъулони шуъбаи тарбия ширкат варзиданд.
Дар интиҳои ҷаласа факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шӯҳратҷон ба ҳозирин миннатдории раёсати донишкадаро расонида, ба як қатор волидайни фаъол, ки фарзандашон тарбияи хуб ва ахлоқи намунавӣ дорад, Сипосномаи раёсати донишкадаро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот
