Ҷаласаи назди муовини аввали ректор роҷеъ ба таълим баргузор шуд.

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур деканҳои 4 факултет, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон ширкат намуданд.
Ҷаласаро профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки вобаста ба тағйироти пеш омада зарур аст, то як қатор масъалаҳо ҷиддӣ баррасӣ карда шавад, минҷумла сифати таҳсилот.
Ҳамчунин, роҷеъ ба тақсимоти гурӯҳҳои академикӣ, ихтисори соатҳо ва дигар масоили марбут ба таълим сухан ронд.
Дар ҷаласаи имрӯза, ҳамзамон Осими Оқил суханронӣ намуда, рӯйхати фанҳои ихтисор шуда, гурӯҳҳои нав ва ҳаҷми воҳиди корӣ гуфта гузашт.
Дар ҷаласа роҷеъ ба тағйироти мазкур як қатор омӯзгорон фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.


Шуъбаи иттилоот