Оғози кори комиссияи интиқолу барқарори донишҷӯён дар факултети металлургия

Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз комиссияи интиқол ва барқарори донишҷӯён кори худро зери роҳбарии профессор Насриддинов Замониддин дар факултети металлургия идома дод.
Дар факултети металлургия раиси комиссияро декани факултет Шамсиддинов Шӯҳратҷон, намояндаи раёсати муҳосибот ва хоҷагидорӣ ва дигар аъзоёни комиссия ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёне ки мехоҳанд ба комиссияи мазкур ҷиҳати интиқол ё барқарор муроҷиат намоянд, метавонанд бо пешниҳоди аризаи худ ба шуъбаи умумӣ ва назорат масъаларо матраҳ созанд.
Шуъбаи иттилоот