Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон баргузор гардид

Дирӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишкада зери роҳбарии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои баррасии нақша- чорабиниҳои донишкадавӣ бахшида ба “Солҳои рушди саноат”, иҷроиши “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030”, вазъи иҷроиши нақшаи дурнамои корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ, вазъи иҷроиши нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ дар иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ, доир ба вазъи иҷроиши корҳои ташкилӣ ва таъминоти методии таҷрибаомӯзиҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳавасмандгардонии омӯзгорон, нашри адабиёти илмӣ, нашри монографияҳо, таҳияи адабиёти илмӣ ва ғайра баррасӣ карда шуд.