Ҷаласаи навбатии маҳфили “Ганҷи хирад”-кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида,  санаи 19-уми ноябри  соли 2021 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шўрои олимони донишкада маҳфили “Ганҷи хирад”-и кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор гардид, ки дар он омўзгорони донишкада, донишҷўён ширкат варзиданд.

            Маҳфили “Ганҷи хирад”-ро декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов М.К.  ифтитоҳ намуда, ҳамаи омўзгоронро бо ин рўзҳои ид табрик намуданд. Сипас, роҳбари маҳфил муаллими калони кафедра Холова Ф. дар бораи  маърўзаҳои навбатии маҳфил ба ширкаткунандагон маълумот доданд. Сипас, аъзоёни маҳфил Абдуллоев А. донишҷўи бахши 2 ихтисоси 510101 т(А) дар мавзўи “Конститутсия- кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, донишҷўи бахши 2, ихтисоси 510101т. Мунавваров Ҷ.  дар мавзўи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон” ва Сафарзода С. дар мавзўи “Таърихи парчами миллии Тоҷикистон” баромад намуданд. 

        Зимни баррасии мавзӯиҳои мазкур мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Ш. андешаҳои хешро доир ба маърўзаҳои пешкашшуда баён намуда, қайд карданд, ки дар ҳақиқат маърўзаҳои донишҷўён хело актуалӣ буда, бо тариқи слайт ва нутқи бурро ироа гардиданд. Баъди баромади донишҷўён сухан ба омўзгорони кафедра Ибрагимова О. ва Маҳмудова З. дода шуд. Омўзгорон  доир ба маърўзаҳои пешниҳодшуда,  фикру ақидаи худро баён намуда, қайд карданд, ки мавзўҳои пешниҳодшуда  хело актуалӣ буда,  ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои  истиқлолият дар бар гирифтаанд. Донишҷўён маърўзаҳои худро бо нутқи бурро ва бо тариқи слайт асоснок намуда баромад карданд, ки хело хотирмон буд.

       Инчунин, омӯзгори кафедра доктори илмҳои таърих  профессор Муллошо Давлатов доир ба маърўзаҳо баҳои баланд дода қайд намуданд, ки баромадҳои донишҷўён дар сатҳи баланд ироа гардида, хусусияти миллӣ доранд. М.Давлатов қайд намуданд, ки дар ҳақиқат раванди ҷаҳонишавӣ ба кишвари мо низ таъсири худро расонидааст ва мо танҳо дар натиҷаи арҷгузорӣ ба ананаҳои миллӣ метавонем генафонди миллии худро нигоҳ дошта бошем.

    Дар ҷаласа мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Ш.  бо сухани ҷамъбастӣ баромад намуда, доир ба маърўзаи донишҷўён баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳоро ба маврид арзёбӣ намуданд.