Такмил додани фаъолияти моликияти зеҳнӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

      Моликият ва маҳсулоти зеҳние, ки аз ҷониби коркунони илм ва маданият офарида мешавад ин боигарии мамлакат ҳисобида мешавад. Чи қадаре, ки давлат ба тараққиёти фаъолияти зеҳнӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ба нишондодҳои ин фаъолиятҳо аҳамият диҳад, ҳамон қадар обрўю нуфузи байналхалқиро соҳиб мегардад. Аз ин бар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо якчанд маротиба дар Паёмҳои хеш такид намуда, барои бунёд намудани  моликияти зеҳнӣ ва маҳсулоти он дар муассисаҳои миёнаву таҳсилоти олии касбӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Пешвои миллат бо нияти тайёр намудани мутахассисони олитаҷриба, ки дониши моликияти зеҳнии техникӣ доранд дар назар дошта, истифодабарии онҳоро дар саноатҳои вазнину сабуки мамлакат бо мақсади тараққи додан ва обрўи ҷаҳонӣ гирифтани Тоҷикистони азизамон ҳаракат менамоянд.

      Бояд кайд намуд, ки дар замони ҳозира, дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, яке аз роҳҳои асосии тараққӣ додани иқтисодиёти давлат ин раванди инноватсиякунонӣ ҳисобида мешавад. Пояи асосии раванди инноватсиякунонии давлат аз объекти фаъолияти моликияти зеҳнӣ вобаста аст. Дар навбати аввал нақш ва аҳамияти моликияти зеҳнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешавад, бояд натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) ҳосилшуда дар зери ҳимояи ҳуқуқ қарор дошта бошад. Дар асоси ин масоил объектҳое, ки бо системаи бақайдгирии ҳуқуқи бунёдшави, ки зарурати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ – патент (ихтироот, моделҳои судман, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ), объектҳои муаллифият ва ҳуқуқи ҳамшафатро (эҷодиёти аудиовизулӣ, барномаҳои компютерӣ, базаи маълумотҳо, курсҳои электронӣ, мақолаҳои илмӣ, маводҳои таълимӣ-методӣ ва комплексҳо) дарбар мегирад.

      Баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) ба макотибҳои олӣ имконият медиҳад, ки якбора якчанд вазифаҳои асосиро дар мавриди иҷроиш қарор дода тавонад, ки ба манфиати ҷамъият мебошад:

  • баланд бардоштани мавқеъият ва нишондиҳандаҳои олӣ байни дигар муассиса ва ташкилотҳои илмӣ;
  • афзун намудани даромади муаллифон – бунёдгузорони идораи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) аз ҳисоби мукофотонидан, пардохт ба муаллиф – бунёдгузорони НФЗ аз ҷониби Кумитаҳои давлатӣ дида шавад;
  • гузаронидан (ҷори намудан)-и додугирифти маҳсулотҳои нави инноватсионӣ, ки объекти моликияти зеҳнӣ – идораи  натиҷаҳои  фаъолияти моликияти зеҳнӣ (НФЗ), барои тараққи додани иқтисодиёти давлат маблаѓгузорӣ карда шавад.

      Вале дар замони ҳозира якқатор мушкилиҳо дар «роҳ аз ҷустуҷўи ба инноватсия (маҳсулот, мол)» алоқамандиро дар навбати аввал бе ёрии ҳуқуқи кадрҳои боихтисос ҳангоми омодасозӣ ва истифодабарии НФЗ, инчунин ташакулдиҳӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дида баромада шавад.

      Яке аз ин камбудиҳо «камсаводӣ» ҳуқукии муаллифон, ҳангоми бунёд намудани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) (мисол: эҷодиёти аудиовизуалӣ, дастурҳои таълимӣ, маводҳои дарсӣ, барномаҳои компютерӣ, раванди кори илмӣ-тадқиқотӣ ва ѓайра) нишон медиҳад, ки маводи мазкур ба дигарон рафта расида, ѓайриислоҳ мегардад.

      Ба омўзгорон ва кормандони илми макотибҳои таҳсилоти олии касбӣ донистани конуниятҳои моликияти зеҳнӣ (МЗ), яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки такмилоти фаъолияти кории онҳо босаводии ҷамъияту халқро таъмин менамояд.

      Дар навбати худ талаботи макотибҳои таҳсилоти олии касбӣ, оид ба доираи моликияти зеҳнӣ (МЗ) маҷмўан ҷудо мешавад:

  • баланд бардоштани дараҷаи саводнокии олимон – коркунони макотибҳои олӣ- муаллифони натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) ва омўзгорон;
  • назорат ба қоидаҳои конунияти моликияти зеҳнии (МЗ) олимон – муаллифони натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ);
  • баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони макотибҳои олӣ дар самти моликияти зеҳнӣ (МЗ);
  • ҷори намудани ҳамкориҳо ва додугирифт бо дигар макотиб ва ташкилотҳои илмӣ, амали гардонидани фаъолияти таълимӣ-илмӣ дар самти моликияти зеҳнӣ (МЗ);
  • иштирок намудани мутахассисони макотибҳои олӣ ба чорабиниҳое, ки ба самти моликияти зеҳнӣ (МЗ) алоқаманд аст;
  • афзун намудани шумораи идораи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (НФЗ) дар макотибҳои олӣ аз ҳисоби истифодабарии метод ва роҳҳои нав ва такмилдиҳии механизмҳо;
  • ҷустуҷўй ва муайян намудани роҳҳои нави рақобатпазирикунонии моликияти зеҳнӣ (МЗ) дар макотиби олӣ ва амлигардонидани он бо қувваи кормандони илмӣ.

                                       Воҳидов А.А. – номзади илмҳои техникӣ,

                                          мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ

Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон