Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада бо ширкати меҳмонони баландпоя баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати навини тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон   Ҷалолзода Миршакар, муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед, директори Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон  Набизода Мадина, намояндаи Кумитаи марказии иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл” дар вилояти Суғд Закариёев Юнусхуҷа,  сиёсатшинос, Киромиддин Мухторов, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфтанд ва суханро ба раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода доданд. 

Муҳтарам Ҳошимзода Р.  нахуст ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, сипас аз хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон ёдовар шуданд ва талошҳои Сарвари давлатро барои расидан ба ҳадафҳои баланд, фоли нек арзёбӣ намуданд.

Сипас, директори Мактаби президентӣ  дар шаҳри Бӯстон  Набизода Мадина низ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар татбиқи сиёсати ҷавонон  хеле баланд арзёбӣ намуд.

Дар қисмати пленарии конфронс ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сухан ронда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ёдовар шуда, дастгирии бахши мазкурро аз заруриятҳои муҳим арзёбӣ намуда, иддао намуданд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат чандин донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҷу литсейҳо таъсис дода шуданд, то тамоми соҳаҳо бо кадрҳо таъмин бошанд. Инчунин, илова намуданд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи миллатро муайян намуданд ва миллатро ба саодат расониданд, ки ин хидмати бузургро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Ва як байт аз шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ қироат намуданд:

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,

Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамзамон, ректори донишкада ба раиси иттифоқи касбаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ҷиҳати ташкили чунин конфронси сатҳи баланд  миннатдорӣ намуда, ташаббуси мазкурро амали ватандӯстона номида, баъдан зимоми суханро ба олими тоҷик, пажӯҳишгар, сиёсатшинос ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  Мухторов Киромиддин  доданд.

Муҳтарам Мухторов К. саравал ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сипас роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, саҳми он касро дар шинохти арзишҳои миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу маданияти  тоҷикон, баланд бардоштани обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ, устувор намудани мақоми давлат дар арсаи ҷаҳонӣ, густариш додани равобити дипломатӣ, арҷгузори ба арзишҳои инсонӣ баланд арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон тавонистанд, ки ба саодат ва иқтисол расанд, ки ин бахти бузург аст. Ҳамчунин, ҳини суханрон олими тоҷик ба ректори донишкада ҳамчун рамзи қадимаи миллат 4 китоби хешро ҳадя намуданд.

Ҳамзамон, дар конфронси имрӯза намояндаи Кумитаи марказии иттифоқи касабаи “Тоҷикметал” дар вилояти Суғд Зикриёев Юнусхуҷа низ суханронӣ намуда аз талошҳо ва кӯшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ва амалӣ намудани сиёсати башардӯстона ёдовар шуд.

Дар интиҳо ба як қатор фаъолон ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд. Сипас, барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки дар он сарояндагон ва овозхонҳои шинохта суруду таронаҳои ватандӯстона сароиданд.

Баъд аз  ҷамъбасти қисмати аввал кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо кард, ки бахши дуюмро дар толори Шӯрои олимони донишкада раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ифтитоҳ бахшида,ба ҳозирин ҷиҳати ширкат дар ин конфронси сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси имрӯза бо ташаббуси Иттифоқи касабаи донишкада зери роҳбарии Давлатов Д.С. гузаронида шуд.

Шуъбаи иттилоот