Дар толори хурди Донишкада бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди устувори ҷомеа дар шароити Истиқлолият” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза ва кормандону омӯзгорон ширкат намуданд.
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза семинарро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, мавзуи баррасишаванда ва нақши илм дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд.
Сипас, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Истиқлол ва ташаккули формулаи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон ” маъруза намуда, роҷеъ ба нақши истиқлол, аҳамияти муҳими он, рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти формулаҳои миллии рушд суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти кишвар тараққӣ намуда, як қатор корхонаҳои азими саноатӣ дар кишвар ба истифода дода шуданд, ки ин ҳолат моро ба таври комил аз вартаи яхшавии иқтисодӣ наҷот дод. Як зумра корхонаҳои дигар, ки бо омилҳои гуногун аз кор монда буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ бозсозӣ ва аз нав бо фарогирии таҷҳизоти муосир ба кор дароварда шуданду фаъолияти худро идома дода истодаанд, ки ҳазорҳо ҷойи кории нав ба аҳолӣ муҳайё гардид. Агар ба таҳлилҳо назар афканем маҳз дар даҳсоли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 30,07 млрд. сомонӣ ба 82.54 мллрд. сомонӣ зиёд шуд, ки ин боиси зиёд гардидани нафақапуливу дигар маблағҳои иловагӣ ба аҳолӣ мебошад.
Танҳо дар чанд соли охир ба хотири дастгирӣ намудани иқтисодиёти ватанӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин ҳам ба хотири дастгирии соҳибкории ватанӣ ва иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси сарвари хирадманду маҳбубамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар инқилоби маданӣ гузаронида шуд, ки дар ин радиф низ як қатор корҳои муфид барои ҷомеа ба анҷом расид. Хушбахтона, барои беҳтар намудани илму маориф ва омода намудани мутахассисони варзида дар кишвар донишкадаву донишгоҳҳо ва литсей касбӣ-техникӣ дар самтҳои технологӣ, техникӣ, инноватсионӣ ва кӯҳию металлургӣ ба фаъолият пардохтанд, ки дигар нарасидани мутахассисони варзида ҳам имрӯз барои ҷомеи тоҷикистонӣ кунун дигар муаммо нест”.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ омӯзгори калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл дар мавзуи “Технологияи рақамӣ дар системаи логистикӣ”, омӯзгори кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Шониёзов Р.О. дар мавзуи “Рушди соҳаи заргарӣ дар даврони Истиқлол”, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Абдуллоева Д.К. дар мавзуи “Нақши аудит дар таъмини шаффофияти фаъолияти корхона” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити зарурӣ ва модели нав рушд ёбад, ки ин ҳам дастоварди бузург ва нодир мебошад.
Ёдрас мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси садорати факултети металлургия баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
