Мулоқоти табибон бо донишҷӯён

Имрӯз, дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада мулоқоти табибони варзида бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқот ба донишҷӯён аз намудҳои бемориҳои зиёновар, хатарнок ва гузаранда, роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба маризиҳои табобатнашаванда фаҳмонида шуд.

Таъкид карда шуд, ки солимии ҳар як инсон дар дасти худаш мебошад ва шаҳрванд бояд табиби худ бошад.

Дар фарҷом, донишҷӯён дар мулоқот ба меҳмонон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот