ҶАВОНОН —ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Тавре, ки маълум аст, ҷавонон неруи бузург ва қувваи пешбарандаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар давлату миллат аз донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Агар ҷавонон соҳибилм, ватандӯст, худшинос ва дорои ахлоқи ҳамида бошанд, ҷомеа рушд мекунад ва давлат ба пешрафту тараққиёт мерасад. Аз ҳамин сабаб дар тамоми ҷаҳон ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони низ ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа эътироф шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, донишомӯзӣ ва рушди қобилияти ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ҳоло, ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун — илму маориф, варзиш, фарҳанг, технология ва иқтисод — фаъолона иштирок намуда, обрӯи Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ҳар як навоварӣ ва пешрафт бо иштироки фаъоли ҷавонон амалӣ мегардад. Онҳо дорои неруи ҷисмонӣ, фикри тоза ва ҷаҳонбинии нав буда, метавонанд дар рушди давлат саҳми арзанда гузоранд.
Имрӯз, ҷаҳон босуръат тағйир меёбад. Пешрафти техника ва технология талаб мекунад, ки ҷавонон доимо омӯзанд, донишҳои муосирро аз худ намоянд ва бо замон ҳамқадам бошанд. Танҳо ҷавонони босавод ва соҳибкасб метавонанд давлатро ба сатҳи баланди рушд расонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва касбҳои муосир барои ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Ҷавонон инчунин дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Давлате, ки ҷавононаш ватандӯсту худшиносанд, ҳамеша устувор мемонад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ бояд дар қалби ҳар ҷавон ҷой дошта бошад.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, дар Тоҷикистон садҳо мактабу донишгоҳ, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ сохта шуданд. Ин ҳама барои он аст, ки ҷавонон донишманд, солим ва соҳибмаърифат ба камол расанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик имконият доранд дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намоянд, таҳсилро дар донишгоҳҳои бонуфуз идома диҳанд ва истеъдоди худро нишон диҳанд. Ҳукумати мамлакат пайваста барои дастгирии ҷавонон барномаҳои махсус қабул мекунад. Стипендияҳо, грантҳо ва озмунҳои гуногун ҷавононро ба донишомӯзӣ ва фаъолияти созанда ҳавасманд месозанд.
Ҷавонон бояд қадри истиқлолият ва сулҳу оромиро донанд. Таърих нишон медиҳад, ки сулҳ ва ваҳдат ба осонӣ ба даст намеоянд. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонон вазифадоранд, ки барои ҳифзи давлат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
Ҳар як ҷавон дар назди ҷомеа ва Ватан масъулияти бузург дорад. Ҷавонон бояд намунаи одобу ахлоқи ҳамида бошанд, ба падару модар эҳтиром гузоранд ва қонунҳои давлатро риоя намоянд. Ҷомеа аз ҷавонон интизор аст, ки онҳо бо рафтори хуб ва фаъолияти созанда барои пешрафти кишвар хизмат кунанд.
Имрӯз баъзе хатарҳо ба монанди терроризм, экстремизм, нашъамандӣ ва фарҳанги бегона метавонанд ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Барои пешгирӣ аз чунин мушкилот ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, дониш омӯзанд ва вақти худро беҳуда сарф накунанд. Китобхонӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунар ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ҷавононро аз роҳҳои нодуруст дур месозад.
Ҷавонони боирода ва соҳибмаърифат метавонанд дар ҷомеа дигаргуниҳои мусбат ба вуҷуд оваранд. Агар ҳар ҷавон бо масъулият зиндагӣ кунад ва барои рушди Ватан талош намояд, ҷомеа боз ҳам пешрафта ва обод мегардад.
Илм чароғи роҳнамои инсон аст. Ҷавононе, ки илм меомӯзанд, метавонанд барои ҷомеа манфиати зиёд расонанд. Имрӯз Роҳбарияти олии кишвар ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва китобхонаҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон мусоидат менамояд.
Фарҳанг низ дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадима ва ғанӣ мебошад. Ҷавонон бояд забон, таърих, адабиёт ва анъанаҳои миллии худро омӯзанд ва эҳтиром намоянд. Ин боиси баланд гардидани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ мегардад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат низ муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда истодаанд. Иштироки онҳо дар фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷавонони мо боистеъдод ва созанда мебошанд.
Дар умум, ҷавонон воқеан ҳам ояндаи дурахшони давлату миллат мебошанд. Пешрафти ҳар кишвар аз фаъолияти ҷавонони он вобаста аст. Ҳар як ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки илму дониш омӯзад, касби хуб дошта бошад, ба Ватан содиқ хизмат кунад ва барои ободии кишвар саҳм гузорад. Танҳо бо неруи ҷавонони солиму соҳибмаърифат метавон Тоҷикистони азизро ба кишвари боз ҳам пешрафта ва обод табдил дод.
Мирзозода Воҳидҷон
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон