Дар тамоми суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар менамоянд , ки ба рушду такомул ва тарбияи ахлоқии ҷавонон диққат додан тақозои замон аст, зеро танҳо рӯҳи солиму ҷисми солим метавонад ҷомеаи инсониро пеш барад ва аз ҳама гуна бӯҳрон наҷот бахшад. Мақсад ва ҳадафи ҳама гуна тарбия пеш аз ҳама ташаккули ҳамаҷонибаи мо ҷавонон мебошад, ки ғановати баланди маънавӣ, ахлоқи пок ва ҷисми солимро ба даст оварем.
Мо, ҷавонони солимфикр бояд тақдири худ ва тақдири ояндаи ҷомеаро ба даст гирифта, фаъолиятамонро дар соҳаҳои муайяни ҷамъиятӣ пеш барем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки дар интихоб , хулосабардорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошем, на тафаккури даснигар, балки бо андешаи ба қувва ва нерӯи ақлонии худ боварӣ дошта бошем.Файласуфи классикии немис Людвиг Фейербах гуфта буд, ки “Инсон фақат ҳамон вақт чизе ба даст меоварад, ки ба қувваи худ бовари дошта бошад”.
Руй овардан ба сиёсати ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хиранмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо ҷавонон бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб нигоҳ дошта, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамонро сармашқи зиндагонии худ қарор диҳем. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он, ҳамеша омодаю сарсупурда ва ҷонфидо бошем.
Вақте ҷавонӣ ва ваҳдат дар ҳастии мусовӣ қарор мегиранд, вақте ки ҷавониро ваҳдат ва ваҳдатро ҷавонӣ ҷило мебахшад, зиндагӣ рангину гуворо аст. Агар мо ҷавонон ваҳдатро бо панҷаи созандаю бунёдгари худ эҷод намоем он садчанд зеботар мешавад. Боиси хушнуди ва ифтихор аст, ки дар эҷоди ваҳдат дар Тоҷикистон нахустин шуда , ҷавонони саодадманд саҳмгузор буданд. Дар солҳои аввали эҳёи миллӣ дар ҷумҳурии мо созмони бонуфузи ҷавонон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷавонмардони ташаббускору ватандӯстро дар атрофи худ муттаҳид намуда оид ба пуштубонӣ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ садо баланд намуда, як қатор амалҳои шоистаро анҷом дод. Барои мо ҷавонон 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи таърихи ва зиёда ин чун як воқеаи тақдирсоз дар ҳаёт мавқеъ пайдо кард. Мо ҷавонон пурра ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати хеш ҳастем, ки фармудаанд:” Мо боояд шукр гӯем, ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”.
Ин супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба мо ҷавонон дахл дорад ва онро нақшаи худ созем, ки фармудаанд на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз кунанд, балки ҳамчунин масъуланд, ки он ҳама корҳои неки анҷомдоди падарони шарафмандро дар ҷодаи дӯстӣ, иттиҳоди ягонагӣ ва ҳамрайъӣ ба халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи олам бо тамоми ҳасти ҳифз намоем. Дар марҳилаҳои муосир ба инобат гирифтани чунин пешниҳодҳо метавонад ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, Тоҷикистони азизи моро дар ҷаҳони муттамаддин ҳамчун ҷомеаи воқеан пешрафтаву шукуфо муаррифӣ намояд:
1.Мусоидати ҳамешаги ба ризоияти умум ва ваҳдати ягонагии халқҳо.
2. Мо ҷавононро зарур аст, ки дар қалби худ ҳиссу ифтихори милли ва ватанпарастиро парварем.
3.Манфиатҳои умумиҷумҳурӣ ва миллиро аз манфиатҳои гӯруҳӣ, маҳалли ва қавми волотар донем.
4.Барои халқ ва Ватани аҷдодии худ содиқона аз сидқи дил хизмат карда, иқтидорӣ иқтисодии мамлакатамонро баланд бардорем.
Ин масъалаҳои зикршуда, ки дар суханрониҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батафсил баён шудаанд, фақат ба туфайли ҷидду ҷаҳдӣ ақлонаи тамомӣ ва пеш аз ҳама ҷавонон ҳаллу фасли худро меёбад.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, масоили гуногуни ҳаёт аз ҳар яки мо ҷавонон тақозо менамояд, ки ваҳдати миллии худро ҳифз намуда, дар роҳи пешравии кишвари худ ва боло рафтани маърифати ҷомеа саҳмгузорӣ намоем. Мо ҷавонони кишвар бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ҳама давру замон қувваҳои пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба мо вобаста аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ карданӣ забонҳои хориҷӣ ва техналогияи муосири иттилоотию комуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амали намудани ташаббусҳои мо ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мардуми моро аз буҳронӣ шадид раҳо намуда, дар саросари кишвар баҳри сохтани якчанд иншоотҳои азим асос гузоштаас. Яке аз ин иншоотҳо НБО-и Роғун мебошад, ки дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон натанҳо зинаи муҳимтари иқтисодӣ, балки як гардиши ҷидди шуд, ки нуфузи Тоҷикистонро дар сиёсати ҷаҳони баланд кард. Собит кард, ки бегуфтугӯ, бе ягон шакку шубҳа Тоҷикистон як давлати соҳиби иродаи мустаҳками сиёсӣ мебошад, соҳиби як фишанги қавии энергетикӣ , натанҳо дар минтақа,балки дар маҳдуди кишварҳои хориҷии ҳамсоя низ ҳаст.
Бо шарафи истиқлолият кишвари мо ба марҳилаҳои навӣ зиндагӣ, давраи созандагию бунёдкорӣ қадам гузошта, сол то сол комёбиҳоро афзун мегардонад ва ба пешравииҳои бузурге соҳиб мегардем. Бунёдкориҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба назар мерасад аз бисёр ҷиҳат ба баракати истиқлолият вобаста аст.. Яке аз омилҳои таҳкими истиқлоли миллӣ густариш ва бо рӯҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллии ҷавонон мебошад.
Ҳаряки мо ҷавонони Тоҷикистон гуфтаҳои падаронаи Пешвои миллати худро, ки фамудаанд “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст” сабақи ҳаррӯзаи худ намуда, дар ободӣ ва пешравии Ватани аҷдодии хеш камари ҳиммат мебандему кӯшиш бар он дорем, ки ба боварии халқамон ва Президенти кишвари худ сазовор гардем.
Раҳимзода Ҳаёт
н.и.т., мудири кафедраи металлургия ва техналогияи заргарӣ,
раиси Шурои олимони ҷавони
Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон.
