ҶАВОНОНРО БОЯД АЗ ДОМИ БАДХОҲОН ЭМИН ДОРЕМ

Намояндагони созмони ифротгароӣ ТТЭ ҲНИ  аз гӯшаю канори мамолики гуногун  барои барҳам додани сулҳу субот  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш  менамоянд. Онҳо бо нашри  ахбори гуногуни  тафриқангез тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бар зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ равона карда шудааст, машғуланд. Ин кӯшиши инҳо беҳуда буда , наметавонад ба пешравию рушди мамлакатамон монеъ шавад. Бинобар ин имрӯзҳо шогирдони мо бояд дар бораи ин ифродгароӣ маълумоти кофӣ  дошта бошанд, дар акси ҳол ба каҷфаҳмиҳо роҳ доданашон мумкин аст.

   Дуруст фармудаанд, ки таълиму тарбия бояд бо руҳияи замон мутобиқ бошад. Падидаи  сахт манфур ва хатарафзою  номатлуби ифродгароӣ, ки ҳоло доман паҳн кардааст, натанҳо боиси ташвишу  нигарониҳои халқеву миллат, балки сабабгори гуфтугӯиҳои ҷиддии таҳлукаомез дар байни тамоми оламиён гардидааст.Дар ҷаҳони муосир ҳизбу ҳаракату созмонҳои зиёди  ифротгар  сар заданду амалиёти таҳқибкорона доранд ва манфиатҷӯиву вайронкориву ҷудоихоҳӣ асоси барномаи фаъолияти онҳоро  ташкил медиҳад.

    Бояд таъкид кард, ки ифродгароию терроризм маънон ба таҳлука овардани аҳли ҷомеа мухолифатангезию ҷудоиандозӣ ва ғайриқонунӣ сарнагун кардани давлатеро дорад. Барои амалӣ кардани нақшаҳои худ ифртгароён бо ҳама рафтору кирдори  ғайриинсонӣ ва  ваҳшиёна даст мезананд ва хуни ноҳақ мерезанд, гулистонҳоро ба хористон табди медиҳанд ва ҳамеша манфиати худро пеши назар доранд.

   Ҳамчунин террорисон мехоҳанд нерӯи худро ҳар чӣ бештар тавоною пурра бубинанд ва барои ин, аз он ҷумла  ашхосони ноустуворро ба ҷонибдоронаш ҷалб кардан меоҳанд ва бештар рӯй ба ҷавонон меоваранд, зеро онҳо ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд, рӯзгордида нестанд, ба баду нек чандон сарфаҳм намераванд. Мутаасифона баъзе аз ҷавонони тоҷик  низ ба ҳамин иллат гирифтори доми  тазвири ифротиён гардидаанд.Коршиносоӣ  бар он назаранд,ки сабабҳои зуд ба доми фиреби ифротиён афтодани зумрае аз ҷавонон коста  гардидани вазъи иқтисодии онҳо, душвориҳои оилавӣ,омилҳои динӣ,бекорӣ,пайдо накардани мавқеъ дар ҷамъият, содир кардани ҷиноят,печидан ба тори ваъдаҳои печу назарфиребона ва фирор аз ҷавобгарӣ мебошад.

     Тавсия дода мешавад, ки баро рафъи ин вазъи ногувор  ва хатарзо бояд,ки ҷавонон ҳар чӣ бештар бо кор ва таҳсил фаро гирифта шаванд. Воситаҳои ахбори омма дар ин самт метавонанд нерӯи тавоно бошанд.

   Мо дар замони хеле мураккабу пурифтихор, дар замони талоши халқҳову давлатҳо  баҳри манфиатҳои худ, дар замони неругирии раванди ҷаҳонишавӣ зиндагӣ дорем, ҳар лаҳзаву ҳар соат дар олам воқеаҳои  пуртазот  ба вуқӯъ мепайванданд. Ин ҳама аз ҳар яки мо ҳушёриву бедорӣ тақозо дорад.Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки як амали ноандешидаву бехирадона метавонад ҳаёти шахсро барбод диҳад.Аз ин рӯ мо аҳли таълиму тарбия  бояд ба фаъолияти худ вобаста ба имрӯзу фардои  насли наврас бештар вусъат бахшем ва нагузорем, ки ҷавононамон  фирефтаи таблиғоти пурғарази ифротиён гардида, ҳаёти худро доғдор намоянд.

                                                                            Ҳомидова Р.В

                                                                            сармуаллимаи кафедраи ФУТ