ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: КАБИРӢ ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

Дар чанд соли фаъолияти хеш роҳбари бадкеши ТЭТ ҲНИ маълум намуд, ки воқеан душмани рақами 1-и миллати тоҷик мебошад. Бо гузаронидани табадулоти нокомаш Кабирии хоин аз кишвар фирор намуд ва феълан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ мебараду аз ҳамон ҷо истода ба миллат хиёнат мекунад.

Мо, дар чанд баромад ва иштирокаш дар ҷаласаҳои САҲА шоҳид шудем, ки чӣ тавр Кабирии хоин бо аъзоёни ҳизби террористияш нисбати давлати Тоҷикистон ва миллат суханони дурӯғ мегӯяд ва бо ин кораш мехоҳад обрӯву мақоми Тоҷикистонро дар асраи байналмилалӣ паст намояд. Ин хиёнати рӯиростӣ Кабирии хоин аст, ки бо супориши хоҷагони хориҷияш ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад.

Рӯзҳои охир ин дастпарвари хоҷагони хориҷӣ ба хотири ба даст овардани маблағҳои бузург дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, мардумро гумроҳ карданӣ мешавад ва ҳар рӯз қариб аз ҷониби аъзоёни ҷинояткору террористаш, ки дар гирди худ ҷамъ намудааст, маводи бардурӯғро паҳн менамоянд, то ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Ин наҳзатиҳои лаин ва бетарбияву худфурӯхта барои чанд сум пули хоҷагони худ аз баҳри миллату ватан ҳам гузаштаанд, ки ин бузургтарин хиёнат мебошад.

Маълум мешавад, ки наҳзатиёни ифротӣ бо роҳбари хоини худ Кабирии шайтонсифат аз боварҳои мардум истифода намуда, ба онҳо пинҳонӣ хиёнат мекунанд ва ин як тактикаи террористии ин тоифаи бемаърифат мебошад. 

Мо, рафтори душманонаи Кабирии террорист ва дигар аъзоёни ҳизби террористиии наҳзати исломиро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки ҳаргиз ба доми фиреби ин тоифаи лаин дода нашаванд.